Дастоварди сол: 355 медали тиллои варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ

© PixabayМедаль, архивное фото
Медаль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли равон варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба гирифтани 994 медал мушарраф гардиданд, ки аз ин миён 355 медал тилло аст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik.Соли 2019 барои соҳаи варзиши Тоҷикистон бисёр соли бобарор буд, изҳор намудаст  муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Ризо Назарзода.

Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Сомон Маҳмадбеков беҳтарин варзишгари ҷавон дар соли 2019 эълон шуд
Ба гуфтаи Назарзода соли равон 917 нафар варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат намуда, ба гирифтани 994 медал мушарраф гардиданд, ки аз ин миён 355 медали тилло, 250 медали нуқра ва 389 медали биринҷӣ мебошад.

Зимнан муовини раиси кумитаи мазкур аз афзоиш ёфтани шумораи муассисаҳои варзишӣ таъкид намуда афзуд, ки феълан дар ҷумҳурӣ беш аз 9 ҳазору 853 иншооти варзишӣ мавриди истифодаи ҷомеа ва варзишгарон қарор гирифтаанд.

Кумитаи ҷавонон 42 варзишкори беҳтарини солро бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ кард

"Аз ин шумора 140 муассисаи варзишӣ барои омода намудани варзишгарони касбӣ бо фарогирии 47 ҳазору 930 наврасону ҷавонон фаъолият менамоянд", - гуфтаст Ризо Назарзода. 

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи  26 - уми  декабр зимни ироаи паёми солона ба парлумон  иброз дошт, ки "соли 2019-ум 358 иншооти варзиш, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти мамлакат сохта шудааст. Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем". 

Лентаи хабарҳо
0