Федор Емельяненко, архивное фото

Фёдор Емеляненко Ҷексонро бераҳмона нокаут кард - видео

858
Дар Ҷопон рақобати миёни варзишкори русиягӣ Фёдор Емеляненко ва размикори амрикоӣ Куинтон Ҷексон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Размикори муҳорибаҳои омехта, варзишкори русиягӣ Фёдор Емеляненко дар Ҷопон дар рақобати Bellator варзишкори амрикоӣ Куинтон Ҷексонро мағлуб кард.

Рақобати Емеляненко ва Ҷексон рӯзи якшанбе дар "Сайтама Супер Арена" баргузор шуд.

Чигуна Емеляненкоро то саршавии рақобат нокдаун карданд: видео

Рақобат бо накаут дар бахши аввал ба итмом расид. Лаҳзаи нокаути Емеляненко ба навор афтод.

 
Дар рақобат Ҷексон нисбат ба Емеляненко сусттар ҳаракат мекард. Чун варзишкори амрикоӣ 12 кило аз Емеляненко вазнинтар аст.

Емеляненко  рақобатро бисёр хуб идора мекард ва ба сӯи рақибаш мушт ҳаво медод.

Пас аp се дақиқаи рақобат варзишкори рус ҳамтои амрикоияшро аз пой афтонд. 

Баҳс дар интернет бо муштзанӣ анҷомид: штангабардор зидди Емеляненко-видео

Рефери ин рақобатро ба фоидаи Емеляненко ва чун нокаут ҳисоб кард.

Барои Емеляненкои 42-сола ин 39 -умин пирӯзӣ дар саҳнаи касбӣ аст.

858
Барчаспҳо:
нокаут, Федор Емеляненко