Роберт Левандовски бо мураббӣ, акс аз бойгонӣ

"Ташаккур" - миннатдории “Бавария” ба тоҷикистониён бо забони тоҷикӣ-акс

677
(Таҷдидшуда 15:35 30.12.2019)
Бошгоҳи машҳури олмонӣ – “Бавария” дар арафаи Соли нав бо забони тоҷикӣ ба мухлисони тоҷикистонияш изҳори миннатдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тими "Бавария" акси бозигаронашро бо навиштаи “Ташаккур” дар саҳифааш дар Facebook нашр карда, ба тоҷикистониён барои дастгирияшон дар соли 2019 сипосгузорӣ намудаст. Чунин миннатдорӣ бо забонҳои гуногун дар хитоб ба мухлисони тим аз кишварҳои ҷаҳон нашр шудааст.

Дар акси нашркардаи "Бавария" ҳамлагари маъруфи тим, Роберт Левандовский тасвир ёфта, дар пасманзар парчами Тоҷикистон, бозигарони дигари тим, аз ҷумла дарвозабон Мануэл Нойер ва навиштаҷоти "Ташаккур" инъикос ёфтааст.

Дар шарҳҳо масъулини сафҳаи тим суол гузоштаанд, ки оё миннатдорияшонро бо забони тоҷикӣ дуруст баён кардаанд ва аз мухлисони тоҷикашон посухи мусбат гирифтаанд. Шореҳони тоҷик изҳор доштаанд, ки мухлисияшонро аз ин тим давом хоҳанд дод.

Бошгоҳи “Бавария”-и шаҳри Мюнхени Олмон бештарини ҷоизаҳои футболи ин кишварро дар ихтиёр дорад. Ин тим тайи таърихаш 29 бор дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар пирӯз шуда, 19 бор Ҷоми Олмонро ба даст овардааст.

677
Барчаспҳо:
Бавария, Футбол, тоҷикӣ, тим, Тоҷикистон