тренер Хаким Фузайлов, архивное фото

Расман: Ҳаким Фузайлов сармураббии нави дастаи "Кӯктош"

135
Ҳаким Фузайлов,  собиқ сармураббии тими "Истиқлол", қаҳрамони футболи Тоҷикистон баъди анҷоми ғайриқаноатбахши бозӣ бо тими "Олтин Асир" аз мақомаш истеъфо дод

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи "Истиқлол" Ҳаким Фузайлов ба курсии сармуббигии тими "Кӯктош" таъйин карда шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ин кор ба Ҳаким Фузайлов бародари хурдиаш Раҳматулло Фузайлов ёрӣ мерасонад.

Бояд гуфт, ки Ҳаким Фузайлов,  собиқ сармураббии тими "Истиқлол", қаҳрамони футболи Тоҷикистон баъди анҷоми ғайриқаноатбахши бозӣ бо тими "Олтин Асир" аз мақомаш истеъфо дод.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарияти бошгоҳи "Истиқлол" дархости истеъфои Фузайловро шоми 27-уми июн қабул кардааст.

Мунтахаби кишвар кай ба чемпионати Осиё роҳ меёбад? Шарҳи коршинос аз вазъи футболи тоҷик

Ҳаким Фузайлов корномаи сармураббигиро дар солҳои 1990 оғоз намудааст. Ӯ аввалин бор ба ҳайси сармураббӣ дар дастаи "Бухоро" фаъолият намудааст.

Инчунин Ҳаким Фузайлов қаблан дар дастаҳои "Ростов", "Локомотив" (Москва), "Терек" ва дигар дастаҳо ба ҳайси сармураббӣ кор кардааст.

135
Барчаспҳо:
сармураббӣ таъин шуд, Ҳаким Файзуллоев