Нахустин мусобиқаи футзал дар Душанбе баргузор мегардад

© SputnikЛучшие моменты женской сборной Таджикистана по футболу в отборочном туре кубка Азии
Лучшие моменты женской сборной Таджикистана по футболу в отборочном туре кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор аст Душанбе мизбони Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19 - сола гардад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар Душанбе барои маротибаи нахуст Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал баргузор мегардад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпиии Тоҷикистон.

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал - Sputnik Тоҷикистон
Чемпионати Осиё дар риштаи футзал: 16 дастаи иштирокчӣ муайян шуданд

Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 24 то 29 январ баргузор мегардад, ки дар кори он духтарони то 19 -сола иштирок мекунанд. 

Гуфта мешавад, дар Қаҳрамонии CAFA-2020 6 даста аз Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат меварзанд.

Манбаъ меафзояд, дар доираи Чемпионати CAFA-2020 миёни духтарони то 19-сола ҳамагӣ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Тоҷикистон дар футзал аз Олмон пештар будааст

Дар мусобиқа Тоҷикистонро тими мунтахаби бонувони ҷавон оид ба футзал бо роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев намояндагӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0