Дафтари назорати допинг, акс аз бойгонӣ

Таҳкими мубориза бо допинг дар Тоҷикистон дар соли 2020

52
(Таҷдидшуда 17:11 11.01.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 8-10 январ дар Душанбе бо мутахассисони соҳаи варзиш семинари омӯзишӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дар семинар иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба мубориза бо допингро омӯхтанд. Чунин давраҳои омӯзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар гузаронда хоҳанд шуд.

Эркин Латипов, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки соли 2019 дар шаҳри Душанбе беш аз 1500 нафарро бо барномаи бахши покизагии варзишгарон фаро гирифтаанд.

“Имсол мақсад гузоштем, ки ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳуриро дар доираи барнома дар се давра ҷалб намоем. Дар даври аввал 8 нафар мутахассисони соҳа аз Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш се рӯз мавзӯъҳои гуногуни мубориза бо допингро баррасӣ карданд ва донишҳои худро пурра намуданд. Акнун онҳо дар даври дуюм дар шаҳри Душанбе барои 89 нафар мутахассисону мураббиёни муассисаҳои таълимии варзишии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ тренингҳои омӯзишӣ доир менамоянд”, - гуфт Латипов.

Ӯ тавзеҳ дод, дар даври сеюм аз ҷониби мураббиёне, ки омӯзиш мегиранд, беш аз 5000 варзишгари наврасу ҷавони мактабҳои варзишии 56 шаҳру ноҳияи кишвар бо масъалаҳои допинг ва оқибати нангини истифодаи он шинос карда хоҳанд шуд.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамчунин, дар доираи барнома дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба допинг нашр ва дастраси мактабҳои варзишӣ мегардад.

52
Барчаспҳо:
омӯзиш, мубориза, Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ, допинг, Тоҷикистон