Олимпийские кольца, архивное фото

Гангвон мизбони 4-умин бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон

50
Анҷумани Кумитаи байналмилалии олимпӣ минтақаи Гангвони Кореяи Ҷанубиро ба ҳайси мизбони 4-умин Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон дар соли 2024 интихоб кард

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз 82 вакили анҷуман зимни овоздиҳӣ 79 нафар ба ҷонибдории Гангвон, ки ягона номзад буд, овоз доданд.

Манбаъ афзуд, қарордод бо шаҳри мизбон миёни КБО ва “Гангвон-2024” ба имзо расид.

Ҷои баргузории мусобиқот Пйонгчанг ва Гангнунг, ки соли 2018 Бозиҳои олимпии зимистонаро қабул карда буданд, қабул шудааст. Иштирокчиён дар Донишгоҳи Гангнунг-Вонҷу ҷой карда хоҳанд шуд.

Нахустин мусобиқаи футзал дар Душанбе баргузор мегардад

Кумитаи миллии олимпӣ зикр намудаст, ки 3-юмин Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон имрӯзҳо дар Лозаннаи Швейтсария ҷараён дорад. Дар бозиҳо 1872 варзишгар аз 79 давлат иштирок доранд.

50
Барчаспҳо:
Олимпиада, варзиш, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Тоҷикистон
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

619
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

619
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор
Душанбинский ФК Истиклол на тренировке в Ташкенте

"Истиқлол" дубора бозигарашро аз тими "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон овард

83
(Таҷдидшуда 09:12 08.08.2020)
Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” –и Душанбе пас аз танаффуси яксола боз ба ба ин даста  баргашт

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”нимҳимоятгар Амирбек Ҷурабоев, ки тӯли як сол дар тими “Навбаҳор”-и  Ӯзбекистон бозӣ мекард,  дубора ба тим баргашӣ.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи ҷадиди бозигар бо қаҳрамони Тоҷикистон муддати як солро дар бар мегирад, аммо дар бораи маблағи гузариш иттилоъ дода нашудааст.

Амирбек Ҷурабоев қаблан се сол тули мавсимҳои 2016-2019 дар ҳайати “Истиқлол” ҳунарнамоӣ карда бо дастаи пойтахт чандин бор қаҳрамони кишвар, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Абарҷоми мамлакат гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳайати “Истиқлол” Амирбек Ҷурабоев бо пероҳани рақами 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, қаблан низ бозигари дигари даста Аҳтам Назаров, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ дубора ба тими “Истиқлол”-и пойтахт пайваст
Аҳтам Назаров дар дастаи футболи “Башундара Кингз”-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, дубора бо “Истиқлол” шартнома баст.

83
Люди в масках в городе

Ширин Исматуллозода дар бораи мубориза бо COVID - 19: "мо хотирҷамъ шудаем, ки хато аст"

0
Ширин Исматуллозода мусовини сарвазири Тоҷикистон гуфт, зарур аст, мисли рӯзҳои аввали пайдоиши COVID - 19 сарҷамъона корро ба роҳ монда байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунем

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Муовини сарвазири кишвар Ширин Исматуллозода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон 8 август аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Бохтар, Кӯшониён ва Вахш дидан намуда бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон доир кардааст.

Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз мактаби рақами 42 дидан карда, бо ҷараёни омодагии ин мактаб ба соли нави ошно шудааст. Масъулини муассиса иттилоъ доданд, ки дар назди мактаб имсол бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад ва ҳамзамон дар паҳлуи мактаб бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки барои мактаббачагон ва ҳайати омӯзгорон хизмат мекунад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Муовини Сарвазир таъкид карда, ки дар шароити пандемия мактаб низ яке аз мавзеъҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии  COVID-2019 тамоми чораҳои беҳдоштиро биандешанд. Аз ҷумла, пӯшидани ниқоб ва ҳар лаҳза шустани дастонро ба хонандагон таъкиду ташвиқ намоянд.

Дар шаҳри Бохтар Исматуллозода бо фаъолияти фабрикаи ресандагии ҶСШК «Ресанда», ки ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ, либосҳои муҳофизатии тиббӣ ва либосҳои мактабӣ машғул аст, шинос шудааст. Инчунин муовини сарвазир бо як коргоҳи дӯзандагии шаҳр ва омодагии занони бохтарӣ ба фасли зимистон шинос шудааст.

Ширин Исматуллозода боз бо дастури президент ба сафар баромад: ин дафъа ба Кӯлоб рафт

Дар беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Ширин Исматуллозода бо табибону беморон ва наздикони онҳо суҳбат карда, ба масъулини беморхона таъкид намудааст, ки тамоми имкониятҳои худро ба хотири саломатии мардум истифода кунанд.

Дар ноҳияи Кӯшониён муовини сарвазир бо вазъи беморхонаи марказии ноҳия ва фаъолияти коргоҳи дӯзандагии ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» шинос шудааст. Бино ба иттилои масъулин, соли равон коргоҳ бо чанд мактаби маркази ноҳия шартнома баста, онҳоро бо либосҳои мактабӣ таъмин менамояд.

Исматуллозода ҳамчунин аз шуъбаи қабул ва сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дидан карда, бо кормандони ин муассиса оид ба пешгирии COVID-2019 ва сари вақт дарёфт кардану ба табобат фаро гирифтани беморон суҳбат кардааст.

Пас аз боздиду шиносоӣ бо муаасисаҳои таълимию тандурустии шаҳру ноҳияҳои болозикр, бо иштироки Ширин Исматуллозода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон доир гардид.

Ширин Исматуллозода зикр намудааст, ки дар пешгирии COVID-19 аз рӯзи аввали бақайдгирияш сарҷамъона тавонистем шиддати онро дар ҷумҳурӣ паст кунем. Бо дастуру супоришҳои Президент тамоми сохторҳои давлатӣ дар ҳамбастагӣ кор карданд. 

"Мутаассифона, имрӯз як навъ хотирҷамъ шудаем, ки ин хатост. Моро зарур аст, ки боз ҳам мисли ҳамон рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ сарҷамъона корро ба роҳ монем. Байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунем. Фаъолияти муаасисаҳои кумаки аввалияро тақвият бахшида, гашти хона ба хонаро аз нав эҳё карда, дар пайдо намудану сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморон кумак намоем", — гуфт Ширин Исматуллозода.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошта, ки дар арафаи соли нави хониш зарур аст, ки корро бо мактабҳо пурзӯр карда, хонандагонро бо ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ таъмин намоем.

0
Барчаспҳо:
бунёди табобатхона, мактабҳо, Хатлон, боздид
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон