Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото

Маълум шуд, ки Макгрегор дар мубориза бо Серроне чӣ миқдор пул ба даст меорад

1597
Ҳафтаи оянда дар Лос - Вегас муҳорибаи Конор Макгрегор бо размикори амрикоӣ Доналд Серроне баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Маълум гардидаст, ки Конор Макгрегор дар муҳориба бо Доналд Серроне чӣ миқдор маблағ ба даст меорад.

Ба иттилои сомонаи варзишии  Essentially Sports,  размикори ирландӣ аз муҳорибаи мазкур  5 миллион доллар даромад ба даст хоҳад овард.

Рақиби ӯ Доналд Серроне соҳиби 2 миллион доллар хоҳад гардид. Барои Серроне ин гаронарзиштарин набард дар таҷрибаи кории ӯ ба ҳисоб меравад.

Макгрегор: Нурмуҳаммедов аз тарс "реванш" намехоҳад

Набарди Конор Макгрегор бо Доналд Серроне рӯзи 18 – уми январ дар Лос – Вегас баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки Конор дар муҳориба бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов 3 миллион доллар фоида ба даст оварда буд. Серроне бошад, дар охирин набарди худ бо Ҷастин Гейҷи ҳамагӣ 195 ҳазор доллар гирифта буд.

Макгрегор моҳи октябри соли 2018 аз размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов шикаст хӯрда буд ва аз он замон то ҳол ба майдони набард набаромада буд.

Доналд Серроне дар ду муҳорибаи  ахири худ аз ҳар ду рақибаш шикаст хӯрд.

1597
Барчаспҳо:
даромад, муҳориба