ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Мусобиқаи мазкур аз 6 то 10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд, хабар медиҳад Кумитаи милиии олимпии Тоҷикистон.
Дастоварди сол: 355 медали тиллои варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ
Бино бар гузориши ин ниҳод, дар мусобиқа наздик ба 200 нафар варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Русия иштирок намуданд.
Марду бонуи муштзани тоҷик дар Чин медалҳо гирифтанд
"Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон аз рӯи 15 категорияи вазнӣ доир шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг ба даст оварданд", - омадааст дар хабарнома.
Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад
Дар вазни 63 кг Нурланбек Ёрматов ғолиби медали биринҷӣ гардид.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа дар шаҳри Аммони давлати Урдун рӯзҳои 21-22 май баргузор хоҳад шуд. То ин замон баргузории мусобиқа 14-15 май дар нақша буд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ин бори чандум аст, ки мусобиқаи таекванда ба таъхир андохта мешавад. Тибқи нақшаи қаблӣ, мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё бояд 26-27 март доир мегашт.
Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва радабандии ҷаҳонӣ. Тариқи радабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Гранд Слам 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дуюми ҳар вазн) ба даст меоранд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо барои дарёфти роҳхат талош мекунад. Аз ҷумла, 3 узви дастаи мунтахаб – Ҳалимова Моҳру, Ойматова Муниса, Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, дар доираи барнома ҳар сол мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила баргузор мегарданд.
“Дар ин мусобиқаҳо бозигарони аз 18 то 35-сола иштирок кардан метавонанд. Хароҷоти се марҳила, аз ҷумла лавозимоти варзишию туҳфаҳо барои ғолибонро мақомоти маҳаллию сарпарастон ва хароҷоти марҳилаи ниҳоиро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.
Тибқи нақша дар доираи татбиқи Барнома соли 2023 таъсиси Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст.
ФФТ таъкид намудааст, ки ҳадафи барнома пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузории мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футбол, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.
Соли 1946 маҷаллаи варзишии Франсия "L’Equipe" созмон дода шуд, ки он баъдан ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" ва беҳтарин футболбози Аврупоро таъсис дод.
Соли 1956 - Дар ИМА сими шабакавӣ барои компютерҳо патентонида шудааст
Соли 1990 - Иттифоқи кинематографистони Русия таъсис дода шуд.
Соли 2013 - истеъфои тахти Попи Рум Бенедикти XVI.
Соли 1992 - рӯзномаи "Нидои ранҷбар" таъсис ёфт, ки мақомоти Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон мебошанд.
Соли 2000 - интихоботи аввалини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2013 - қонун "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма" ба тасвиб расид.
Соли 2017 ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард
Соли 2018 бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов занги телефонӣ анҷом доданд.
Соли 1927 - Юсуфшо Ёқубов, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
Соли 1936 - Акбар Ҷӯраев, арбоби давлатӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1948 - Ҳалима Эркаева, актриса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1951 - Умар Зиёев, сарояндаи поп, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.