Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков

Сомон барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ҷиддан тамрин мекунад

484
(Таҷдидшуда 16:38 14.01.2020)
Сомон Маҳмадбеков, ки қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар соли 2019 ба ҳисоб меравад, шонси бештар барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 - ро дорад

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони тоҷик оид ба дзюдо барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ҷиддан ба тамрин машғул аст, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.

Ба иттилои манбаъ, Сомон, ки миёни варзишгарони тоҷик унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо дорад, имкони бештари соҳиб шудан ба роҳхат барои иштирок дар  Бозиҳои олимпии Токио - 2020- ро дорад.

Аз ин рӯ, Сомонпаҳлавон барои самаранок истифода намудан аз имконоти мавҷуда, тасмим гирифтааст, ки дар ҳамаи мусобиқаҳои литсензионии Федератсияи байналмилалии дзюдо ширкат карда, имтиёз ба даст орад.

Амри Президент барои додани қариб 1 миллион сомонӣ ба 42 варзишгар

Феълан, варзишгари тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи Гран-При Тел-Авив дар кишвари Ҷопон тамрин мекунад.

Манбаъ меафзояд, Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳи 18 нафар ҷудочиёни Иркутский аз 11 то 19 - уми январ дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Токио тамрин мекунад.

Пас аз анҷоми тамринҳо, интизор меравад Сомон аз шаҳри Токио ба кишвари Исроил раҳсипор шавад, ва дар мусобиқаи Гран -  При Тел - Авив иштирок намояд.

484
Барчаспҳо:
Бозиҳои олимпӣ, тамрин, Сомон Маҳмадбеков