Бозии тими Истиқлол бо дастаи филиппинӣ

"Истиқлол" тими Тошкандро мағлуб кард ва ба Лигаи қаҳрамонҳои 2020 роҳ ёфт

176
(Таҷдидшуда 18:44 21.01.2020)
Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои АФК-2020  чемпиони Тоҷикистон бояд 28 январ дар плей-офф бар клуби Ал-Аҳли Арабистони Саудӣ ғолиб ояд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар доираи даври дуюми интихобии Лигаи қаҳрамонҳои осиё - 2020, иимрӯз вохӯрии қаҳрамони Тоҷикистон–бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе бо дастаи "Локомотив"–и Тошканд баргузор гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон ба туфайли голи Алишер Ҷалилов дастаи  "Локомотив"-и Тошкандро мағлуб карда, ба марҳилаи навбатии Лигаи қаҳрамонҳо -2020 роҳ ёфт.

Ҷоми Тоҷикистон низ насиби дастаи “Истиқлол” гашт

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2020  қаҳрамони Тоҷикистон бояд 28 январ дар плей-офф бар клуби Ал-Аҳли Арабистони Саудӣ ғолиб ояд.

176
Барчаспҳо:
футбол, Тошканд, Истиқлол
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

224
(Таҷдидшуда 11:15 04.08.2020)
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом “Локомотив” (Пловдив) қаҳрамони Булғористон “Лудогоертс”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба иттилои манбаъ, умарбоев дар ҳайати “Локомотив” 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Гуфта мешавад, ин сеюмин дастовардест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив соҳиб шудааст.

Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

224
Пресс-секретарь Федерации футбола Таджикистана Фаридун Салиев

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

186
Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро футболбозони тоҷик аз ҷониби клубҳои ҷаҳонӣ бо арзиши воқеии худ харида намешаванд ва ҳамзамон ба он дастаҳо роҳ намеёбанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Портали олмонии transfermarkt.de, ки маълумотҳоро оид ба гузариш ва нархномаи бозигарон нашр мекунад, маълумотро дар бораи арзиши бозигарон дар Лигаи олии Тоҷикистон нав кард. Тибқи нишондоди он, дар маҷмӯъ, айни ҳол, чемпионати Тоҷикистон тавонист нишондиҳандаи 18 миллион евроро паси сар кунад.

Ҳар як рейтинги варзишӣ шартӣ аст, гуфт Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Дар солҳои  гузашта, то ҳол чунин ҳолате рух надодааст, ки як бозигар аз клуби футболи Тоҷикистон ба маблағи 200 ҳазор евро ё 150 ҳазор евро гузариш карда бошад", - гуфт Салиев.

Ба гуфти ӯ, ҳамаи бозигарони тоҷик асосан ба ҳайси агенти озод интиқол дода мешаванд.

"Асосан, футболбозони мо ба чемпионатҳои Индонезия, Бангладеш, Малайзия мераванд: дар он ҷо ба онҳо маоши хуб пешниҳод карда мешавад. Чӣ қадаре ки бозигарон таҷрибаи бозӣ дар клубҳои хориҷиро доранд, тими миллии Тоҷикистон қавитар хоҳад буд", қайд кард коршинос.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Сухангӯи ФТФ гуфт, ки мушкили асосӣ ин набудани агентҳо дар бозори футболи тоҷик аст, ки бозингаронро ба Аврупо бурда тавонад.

186
Парламентские выборы в Таджикистане

Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

0
(Таҷдидшуда 12:12 06.08.2020)
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории ҷаласасаи навбатии порлумони кишвар дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, хабар дод Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи парлумон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қаророри қабулгашта интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар пайи қабули қарори баргузории интихоботи президентӣ аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дигарбораи раисиҷумҳур интихоб гардид.

0