Бародари Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо UFC шартнома баст

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкЧемпион Gorilla Fighting Championship (GFC) Умар Нурмагомедов
Чемпион Gorilla Fighting Championship (GFC) Умар Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов писарамаки худ - Умар Нурмуҳаммадовро бо бастани шартнома бо UFC муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори машҳур Умар Нурмуҳаммадов бо UFC шартномаи ҳамкорӣ имзо кард. 

"Бародарам Умар, ту бояд бисёр чизҳоро исбот кунӣ. Замоне ман бо UFC шамртномаи ҳамкорӣ имзо карда будам, буданд нафароне, ки ба ман бовар намекарданд, вале гурӯҳам ва наздиконам ба ман бовар мекарданд ва маро дастгирӣ мекарданд. Умед ба Худованд ва меҳнат натиҷаи худро медиҳад",- навиштааст Ҳабиб дар саҳифааш дар Instagram.

Ҳабиб аз Умар даъват кард, ки меҳнат кунад ва ҷойи худро миёни варзишкорони беҳтарини ҷаҳон бигирад.

Тони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши гаронтарин чипта ба муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон маълум шуд

Умар Нурмуҳаммадов 3 январи соли 1996 дар Қизилюрти Доғистон ба дунё омадааст.

Аз овони кӯдакӣ куштии тарзи озод машқ мекард, вале пас аз чандин танаффус аз ин навъи варзиш рафта ба бокс машғул шуд.

Пас аз кӯчидан ба Махачкала Умар дигар дар назди амакаш, мураббии шоистаи Федератсияи Русия Абдуманап Нурмуҳаммадов дар Eagles MMA ба тамрин пардохт.

Ӯ нахустин бор соли 2016 дар Маскав дар сабқати EFN Fight Nights Global 57 ба октагон баромада буд.

Моҳи ноябри соли 2019 дар Тошканд Нурмуҳаммадов унвони Gorilla Fighting Championship-ро ҳимоя кард.

Лентаи хабарҳо
0