ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, дар садри ҷадвали раддабандии сомонаи машҳури Sherdog, ки ҷадвали варзишкорони муҳорибаҳои омехтаро таҳия мекунад, қарор гирифтааст.
Ин сомона дар шарҳи нави раддабандияш гуфтааст, ҷадвали мазкур новобаста аз вазну дараҷа сурат мегирад.
Баъди муддати тӯлонӣ бори нахуст, варзишкори амрикоӣ Ҷон Ҷонс аз садри аввал раддабандӣ канор рафта, дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст.
Дар зинаи сеюми раддабандӣ бошад Генри Сехудо қарор гирифтааст.
Таҳиягарони раддабандӣ Тони Фергюсон, рақиби навбатии Нурмуҳаммедовро дар зинаи ҳаштум қарор додаанд.
Абдулманап Нурмагомедов, падар ва мураббии ин уқоби доғистонӣ ин муваффақияти писарашро шарҳ дода, таъкид кард, ки "раддабандиҳо тағйир меёбанд", бинобар ин вазифаи асосӣ ин аст, ки "мавқеи аввалро нигоҳ дошт".
Арзиши гаронтарин чипта ба муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон маълум шуд
Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар шарҳи ин раддабанди дар саҳифаи инстаграмааш навиштааст: "Федор Емеляненко давоми солҳои 2003-2008 дар зинаҳои 1 ва 3-и ин ҷадвал қарор дошт. Ҳоло дар Русия бисёр варзишгорарони хубанд, аз қабили Пётр Ян , Ислом Махачев, Забит Муҳаммадшарипов , Муҳаммад Анкалаев ва Александр Волков ки метавонанд ин анъанаро идома диҳанд”.
Ёдовар мешавем, ки Нурмуҳаммадов баъди мағлуб сохтани Дастин Пореи амрикоӣ дар зинаи дуюми рейтинги умумии Чемпионати Мутлақи (UFC) новобаста аз вазн, қарор гирифта буд.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.
Феълан, маълум аст, ки Конорро ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.
Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.
Гуфта мешавад, шояд Макгрегор устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.
Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.
Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.
Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад
Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.
ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.
Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.
Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.
"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.
Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.
Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?
Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.
"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.
Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.
Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.
Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.
Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд
Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад.
Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ - 36-41 дараҷа, дар Булонкул - 51-53 сард мешавад.
Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои кишвар яхбандӣ боқӣ мондааст, мегӯяд, манбаъ.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми гаштугузор сару либоси мавсимӣ ба бар дошта бошанд, то худро аз бемориҳои сармохӯрдагӣ ҳифозат карда тавонанд.
Ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Таркиши чойхона дар хиёбони Рӯдакӣ: 12 нафар ба бемористон интиқол ёфт
КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатрии сӯхторро ҷиддан риоя карда, дастгоҳҳои барқиро беназорат нагузоред, ва ҳама асбобҳои гармидиҳиро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то боиси ҳодисаи ногуфоре нагардад.