Нол бар як: шикасти дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд аз "Нефтчӣ"-и Қирғизистон

© ФФТПоединок плей-офф Кубка АФК-2020 между "Худжандом" и "Нефтчи"
Поединок плей-офф Кубка АФК-2020 между Худжандом и Нефтчи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, барандаи медали нуқраи чемпионати   Тоҷикистон дидори нахустинашро дар доираи плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2020  муқобили “Нефтчӣ”-и Қирғизистон  бо мағлубият хотима дод.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бозии “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” имрӯз дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и Ҷалилободи Қирғизистон доир гашта бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи рақибон хотима ёфт.

Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода барои дастаи "Хуҷанд" 2,5 миллион ҷудо карду гуфт аз Лазаревич чиро интизор аст

Голи ягонаи бозиро Александ Игнатенко ба ҳадаф расонид.

Бозии ҷавобии “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе баргузор мешавад.

Бозии дастаҳоро доварон аз Кореяи Ҷанубӣ ҳакамӣ карданд. 

Дар пайи ду бозие, ки миёни ин дастаҳо доир мегардад, ғолибаш ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи Ҷоми КФҲ-2020 роҳ ёфта, дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои мунтахаби “Истиқлол”-и Тоҷикистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон  ва “Дордой”-и  Қирғизистон рақобат мекунад.

Мағлубияти тими "Хуҷанд" дар ҳолест, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран хабар дод, ки аз ҳисоби буҷҷа 2,5 миллион сомонӣ ҷудо карда ба Никола Лазаревич, мурабби тозатаъйини даста гуфтааст аз вохӯриҳои интихобии Ҷоми Конфедератсия футболи Осиё Мақомоти Суғд ва мухлисон аз дастаи Хуҷанд дастовардҳои хубро интизоранд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0