Панҷ голи беҷавоби “Ингулетс” ба дарвозаи "Истиқлол": ягона шонсро аз даст доданд

Обуна шудан
Тими “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар сеюмин  дидори дӯстонааш дар аз дастаи “Ингулетс” -и Украина шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол” бозии дӯстона дар доираи омодагиҳои даста бо “Ингулетс” рӯзи 25 феврал доир гашта бо ҳисоби бузург 0:5 хотима ёфт.

Футбольный клуб Истиклол провел первую контрольную игру на учебно-тренировочном сборе в турецкой Анталии - Sputnik Тоҷикистон
Шикасти "Истиқлол" дар нахустин дидори дӯстонааш аз тими “Чжэтсян Гринтаун”-и Чин

Ба иттилои манбаъ, ягона шонси голзании “Истиқлол” зарбаи ёздаҳметра буд, ки онро бозигари даста Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расонида натавонист.

“Истиқлол”-и Душанбе  дар ду бозии дӯстонаи қаблиаш аз дастаи “Чжэтсян Гринтаун”-и Чин бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва тими “Шахтёр”-и Қараганди Қазоқистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ҳайати “Истиқлол”-и Душанбе дар рақобати дӯстона аз ин қабал буд: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 63), Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (Искандар Ҷалилов), Хуршед-Темур Ҷӯраев Ваҳдат Ҳанонов, Алишер Ҷалилов, (Хуршед-Тимур Джураев, 76), Эҳсони Панчшанбе, (Саидмухтор Азимов,67), Шериддин Бобоев, Манучеҳр Ҷалилов, (Рустам Соиров, 42).

Виталий Левченко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сармураббии нави дастаи "Истиқлол" Виталий Левченко таъйин шуд

«Истиклол: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Джалилов (Мухаммаджон Рахимов, 58), Зоир Джурабоев,  Табрези Давлатмир (Искандар Джалилов, 73), Вахдат Ханонов, Алишер Джалилов (Хуршед-Тимур Джураев, 76), Эхсони Панчшанбе (Саидмухтор Азимов, 67),  Шериддин Бобоев,  Манучехр Джалилов (Рустам Соиров, 42).

Гуфта мешавад, дастаи "Истиқлол" охирин бозии дӯстонаашро дар марҳалаи омодагиҳояш дар Анталияи Туркия бо тими "Сулутск"-и Белоруссия доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ахиран раҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” Виталий Левченко, собиқ муҳофизагари яккачини Тоҷикистонро сармурабии даста таъйин намуд.

Лентаи хабарҳо
0