Пирӯзии комил: "Хуҷанд" бар "Нафтчӣ"-и Қирғизистон ғалаба кард

© ФФТПоединок плей-офф Кубка АФК-2020 между "Худжандом" и "Нефтчи"
Поединок плей-офф Кубка АФК-2020 между Худжандом и Нефтчи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи "Хуҷанд-"и Хуҷанд хотима ёфт

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии  Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 байни дастаҳои футболи "Хуҷанд"-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ва "Нафтчӣ"-и Қирғизистон баргузор шуд. 

Футбол. Кубок АФК. Плей-Офф. 1-матч. Нефтчи (Кыргызстан) - Худжанд (Таджикистан) - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоми КФО: пахши мустақими бозии футболи тими "Нафтчӣ"-и Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд
Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, вохӯрии дастаҳо  пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби  3:0 ба нафъи дастаи  "Хуҷанд"-и Хуҷанд  хотима ёфт.

Аз дастаи "Хуҷанд" дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисобро боз карданд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи  футболи  "Нафтчӣ" хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид.

Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигарро ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020  ворид кард.

Лентаи хабарҳо
0