Футболист Чиро Иммобиле

Чиро Иммобиле - беҳтарин нишонзани Аврупо мубталои коронавирус шуд

1147
Агар ташхиси ниҳоии Чиро Иммобиле ҳамлагари дастаи "Латсио" дақиқ шавад, пас ӯ нахустин варзишгаре хоҳад буд, ки ба ин маризӣ гирифтор гашт

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Чиро Иммобиле ҳамлавари бошгоҳи "Латсио" дар робита ба беморӣ ҳамроҳ бо дастаи худ тамрин намекунад ва зери назорати табибон қарор дорад.

Маҷаллаи итолёвии Corriere dello Sport менависад, ки Иммобиле таби баланд дорад ва эҳтимол гирифтори маризии коронавирус гардидааст.

Аммо, феълан ташхиси ӯ пурра собит накардаст, ки оё футболбози ҳирфаии дастаи "Латсио" дардманди ин маризӣ ҳаст ё на.

Қобили зикр аст, ки Иммобиле дар 25 мусобиқаи футбол иштирок карда, муаллифи 27 голи зебо мебошад.

Даҳшати коронавирус: навбатпоии садҳо нафар барои гирифтани ниқоб дар Кореяи Ҷанубӣ

Номбурда яке аз беҳтарин ҳамлаварони Аврупо ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар робита ба паҳншавии маризии сироятии коронавирус мусобиқаҳои футбол дар Италия бидуни тамошобин баргузор мегардад.

Зеро феълан дар ин кишвар, 12 нафар бар асари бемории коронавирус ба ҳалокат расида, ҳамзамон 322 ҳолати гирифторӣ ба ин маризии сабт гардидааст.

1147
Барчаспҳо:
маризӣ, Аврупо, варзишгар, футбол
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

224
(Таҷдидшуда 11:15 04.08.2020)
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом “Локомотив” (Пловдив) қаҳрамони Булғористон “Лудогоертс”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба иттилои манбаъ, умарбоев дар ҳайати “Локомотив” 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Гуфта мешавад, ин сеюмин дастовардест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив соҳиб шудааст.

Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

224
Пресс-секретарь Федерации футбола Таджикистана Фаридун Салиев

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

186
Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро футболбозони тоҷик аз ҷониби клубҳои ҷаҳонӣ бо арзиши воқеии худ харида намешаванд ва ҳамзамон ба он дастаҳо роҳ намеёбанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Портали олмонии transfermarkt.de, ки маълумотҳоро оид ба гузариш ва нархномаи бозигарон нашр мекунад, маълумотро дар бораи арзиши бозигарон дар Лигаи олии Тоҷикистон нав кард. Тибқи нишондоди он, дар маҷмӯъ, айни ҳол, чемпионати Тоҷикистон тавонист нишондиҳандаи 18 миллион евроро паси сар кунад.

Ҳар як рейтинги варзишӣ шартӣ аст, гуфт Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Дар солҳои  гузашта, то ҳол чунин ҳолате рух надодааст, ки як бозигар аз клуби футболи Тоҷикистон ба маблағи 200 ҳазор евро ё 150 ҳазор евро гузариш карда бошад", - гуфт Салиев.

Ба гуфти ӯ, ҳамаи бозигарони тоҷик асосан ба ҳайси агенти озод интиқол дода мешаванд.

"Асосан, футболбозони мо ба чемпионатҳои Индонезия, Бангладеш, Малайзия мераванд: дар он ҷо ба онҳо маоши хуб пешниҳод карда мешавад. Чӣ қадаре ки бозигарон таҷрибаи бозӣ дар клубҳои хориҷиро доранд, тими миллии Тоҷикистон қавитар хоҳад буд", қайд кард коршинос.

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Сухангӯи ФТФ гуфт, ки мушкили асосӣ ин набудани агентҳо дар бозори футболи тоҷик аст, ки бозингаронро ба Аврупо бурда тавонад.

186
Строительство аквапарка в Варзобе

Афзоиши бунёди манзил дар Тоҷикистон дар замони пандемия

0
(Таҷдидшуда 11:13 06.08.2020)
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон аз афзоиши сохтмони манзилҳои истиқоматӣ давоми нимсолаи ҷорӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, зиёдшавии сохтмон алахусус дар бахши хусусӣ, ки асосан хонаҳои истиқоматии 1 ва 2-ошёна сохта мешаванд, ба назар мерасад.

Тибқи иттилои Кумита, дар нимсолаи аввали соли равон бинои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 469 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% зиёд мебошад.

Манбаъ мегӯяд, биноҳои бисёрошёна, асосан дар шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо сохта мешаванд, ки дар онҳо системаи канализатсия мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар ин давра 62,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Ба гуфти  Кумитаи меъморӣ, набудани системаи канализатсия дар бисёр шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон сохтани бинои бисёрошёнаро душвор мегардонад.

Иттилоияи Кумитаи меъмории Тоҷикистон дар ҳолест, ки коршиносон аз коҳиши сохтмонҳо бинобар пандемияи коронавирус мегӯянд.

Бинои парлумон ва роҳ месозанд: Тоҷикистон интизори коргарони чинӣ аст

Ба таъкиди коршиносон, агар қаблан дар Тоҷикистон одамон малағро барои хариди хонаҳо ба биноҳи навсох медоданд, ҳоло вазъ дигар шудааст ва сокинон кӯшиш мекунанд, ки пасандозҳои худро сарф накунанд.

Гуфта мешавад, камшавии якбораи интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Русия, ба соҳаи сохтмон низ таъсир мерасонад.

Дар Тоҷикистон шумораи ширкатҳои сохтмонӣ 14% кам шудааст

Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон ахиран аввали солӣ ҷорӣ гуфта буд, ки таи 7 соли ахир дар ин кишвар наздик ба 8 миллион метри мураббаъ манозили маскунӣ ба баҳрабардорӣ расида.

 

0