ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Нахуствазири Ҷопон пеш аз ин низ эълом карда буд шуюи коронавирус дар марҳилае нест, ки давлатро маҷбур ба эъломи вазъи изтирорӣ кунад, хабар дод Парстудей.
Ба иттилои манбаъ, Абе дар як конфронси хабарӣ дар Токио афзуд, коршиносони умури беҳдошт ва дармон ба ин натиҷа расидаанд, ки Ҷопон шоҳиди афзоиши зиёди мубталоёни коронавирус набудааст, бино бар ин эъломи вазъи изтирорӣ дар ин кишвар зарурӣ нест.
Бар ин асос, 1423 ҷопонӣ, ки 697 тан аз онҳо дар киштии Даймонди принсес буданд, ба коронавирус мубтало шудаанд.
Ҳамчунин 28 нафар аз ҷумла 7 нафар аз мусофирони жопонии ин киштӣ, бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.
Коронавирус охирҳои соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд. Ин вирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 140 кишвари дигар низ сироят кардааст.
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Имсол Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв карда шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) чемпионатҳои Осиё оид ба футбол миёни наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзал имсол доир намешаванд.
"КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст. Баҳрайн ва Ӯзбекистон ҳуқуқи мизбонии марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) дар соли 2023 ҳифз кардаанд", - менависад манбаъ.
Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд
КФО, ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзалро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт доир мешуд, барҳам дод. Тибқи қарори КФО, Кувайт низ ҳуқуқи баргузор кардани 16-ум Ҷоми Осиё оид ба футзалро дар соли 2022, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат мекунад, ҳифз кард.
Чемпионати Осиё-2021 оид ба футзал, ки бояд дар Тайланд доир мегардид, ба соли 2023 гузаронида шуд.
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи “Динамо”-и Самарқанд иттилоъ дода, гуфтааст, маросими муаррифии Фузайлов дар тим 15 январ доир шуд.
Ба иттилои манбаъ, бошго бо мутахассиси тоҷик шартномаи яксоларо ба имзо расонидааст.
Гуфта мешавад, барои омода кардани тими “Динамо”-и Самарқанд ба Фузайлов мутахассисони маҳаллӣ Ҷасур Ҳамроев, Дилшод Шарофутдинов ва Шӯҳрат Муродов кӯмак мерасонанд.
Ёдовар мешавем мутахассиси 56-сола тайи ним соли гузашта дар бошгоҳи “Хуҷанд” фаъолият дошт, аммо тим охири соли гузашта эълон кард, ки шартномаро тамдид нахоҳад кард.
Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.
Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив” Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.
Раҳматулло Фузайлов сармураббии "Истаравшан" шуд
Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” –ро тамрин дода, аввали моҳи июл вазифаи сармураббии бошгоҳи “Каганат”-и Қирғизистонро тарк карду бо дастаи “Хуҷанд” пайваст.
Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.
Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.
Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.