Национальная сборная Таджикистана провела заключительный матч в 2018 году

Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон лағв шуд

79
(Таҷдидшуда 12:54 16.03.2020)
Бозии дӯстона миёни мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва яккачини Ӯзбекистон дар пайи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баргузор намешавад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар ин бора пойгоҳи хабарии repost.uz иттилоъ дода гуфтааст, бозии дӯстона миёни мунтахабҳои футболи кишварҳо мебоист 31 март дар Ӯзбекистон доир мешуд.

Ба иттилои манбаъ, тасмими мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар пайи таҳдидҳои коронавирус гирифта шудааст.

Ёдовар мешвем, қаблан ду бозии дигари дӯстонаи мунтахаби кишвар бо яккачинҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҳиндустон, ки мебоист ин моҳ доир шавад, дар пайи таҳдидҳои коронавирус лағв шуд.

Ҷониби Ӯзбекистон имрӯз хабар дод, ки парвозҳои ҳавоияшро дар пайи чораҳои зидди паҳншавии коронавирус бо Тоҷикистон то 27 март мутаваққиф кардааст.

Мақомоти Ӯзбекистон то имрӯз аз вуҷуди чор мубталои коронавирус дар қаламраваш хабар дод ва барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар муассисаҳои таълимияш карантини сартосарӣ эълон кард.

79
Барчаспҳо:
мунтахаб, футбол, Узбекистон, Тоҷикистон
Дзюдо, архивное фото

Беҳтарин ҷудокорони ҷавони Тоҷикистон маълум шуданд

95
(Таҷдидшуда 14:55 31.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуривӣ оид ба ҷудо байни ҷавонони соли таваллудашон 2000-2002 баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Кумита аз қавли Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст, дар мусобиқа 135 варзишгар дар ҳайати нӯҳ даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт ширкат карда, аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар шаш вазн намояндагони Душанбе, дар як вазн варзишгари ШНТМ ғалаба карданд. Дар вазни -60кг Шаҳбоз Саидаброров пас аз мағлуб намудани Фирӯз Мелибойзода соҳиби медали тилло шуд. Дар зинаи сеюм варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Сарвар Абдушукуров ва Аҳмад Аюбов қарор гирифтанд.

Эмомалии Нуралӣ дар финали вазни -66кг Абубакр Шеровро мағлуб намуда, медали тиллоро ба гардан овехт. Медалҳои биринҷӣ насиби Фарух Ҳалимов ва Худобахш Сулаймонов шуд. Дар финали вазни -73кг боз ду варзишгари Душанбе бо ҳам неру санҷиданд ва Муҳаммад Саъдуллоев тавонист Қурбоналӣ Бозоровро мағлуб намояд.

Умар Расулов аз ШНТМ дар вазни -81кг пас аз пирӯзӣ бар Аминҷон Сафаров аз шаҳри Душанбе ғолиб шуд.
Дар финали вазни 90кг боз ҳам варзишгарони шаҳри Душанбе ба ҳам омаданд. Раҳаматуло Мирзоев тавонист Фаридун Холиқовро мағлуб намуда, ҷои аввалро ишғол кунад.

Дар вазни -100кг Абубакри Акобир Фарзин Ҳусайнов аз вилояти Суғдро шикаст дода, ғолиб шуд.

Ниҳоят дар вазни +100кг Бобоҷон Бобоев Иброҳим Элмуродовро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гардид.

95
Барчаспҳо:
мусобиқа, ҷудо, Тоҷикистон
Хабиб Нурмагомедов

Шарҳи Кремл дар бораи мулоқоти Путин бо Нурмуҳаммадов

1358
(Таҷдидшуда 15:53 27.10.2020)
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабарҳо дар бораи дидор ва мулоқоти Владимир Путин бо размикор Ҳабиб Нурмуҳаммадовро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков тасдиқ кардааст, ки Владимир Путин бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC мулоқот хоҳад кард, аммо санаи дақиқи ин дидор ҳоло мушаххас нашудааст, хабар додааст РИА Новости.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин тавассути телефон Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо пирӯзӣ дар набард бо Ҷастин Гетҷии амрикоӣ табрик гуфтааст.

"Дар ҳақиқат, президент гуфт, ки ин ҳатмист, вақте худи Ҳабиб каме истироҳат мекунад ва вазъи эпидемиологӣ ... ором мешавад, онҳо ҳатман мулоқот хоҳанд кард", - гуфт Песков дар посух ба пурсиши журналистон оид ба имкони мулоқоти президент бо варзишгар.

Ёдовар мешавем, шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд.

Баъди пирӯзӣ Ҳабиб эълон кард, ки дигар ба майдони набар нахоҳад омад ва ин охирин рақобаташ буд, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ҷанг нахоҳад кард.

Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Коршинос дар бораи қарори Ҳабиб: бе падараш ӯ наметавонист ба қуллаҳои баланд расад

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда аст.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Охирин парвози Уқоб: Ҳабиб пас аз мубориза бо Гетҷи "карера"-ашро ҷамъбаст кард

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

1358
Барчаспҳо:
Кремл, Дмитрий Песков, Владимир Путин, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Пожар, архивное фото

Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.

0
Барчаспҳо:
оташхомӯшкунӣ, сӯхтор, Тоҷикистон