Президент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном и Хабибом Нурмагомедовым. Архивное фото

Муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ баргузор мегардад, фақат берун аз Амрико ва бидуни тамошобин

1086
(Таҷдидшуда 16:15 17.03.2020)
Муҳорибаи тарҳрезишудаи Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тонӣ Фергюсон ҳатман баргузор мешавад, вале берун аз қаламрави Амрико ва бидуни тамошобинон

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Президенти UFC Дэйна Уайт изҳор доштаст, ки муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тонӣ Фергюсон новобаста аз воҳимаи коронавирус ҳатман баргузор мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, муҳорибаи онҳо маҳз дар рӯзи қаблан таъйиншуда, яъне 18 - уми апрел доир мегардад, ҳарчанд се муҳорибаи размикорони UFC  аз моҳҳои март - апрел ба вақти дигар гузаронда шудааст.

"Мо дигар чора надоштем, ва ин муҳорибаҳоро ба замони дигар интиқол додем, вале рақобати Ҳабиб ва Тониро ба ҳеҷ ваҷҳ лағв нахоҳем кард. Муҳорибаи онҳо дар рӯзи таъйиншуда баргузор мегардад. Шояд, бидуни тамошобин ва берун аз Амрико, аммо муҳориба ҳатман доир мешавад", - афзудааст Уайт.

Ёдовар мешавем, ки рақобати қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тонӣ Фергюсон размикори амрикоӣ мебоист 18 - уми апрел дар шаҳри Ню - Йорк баргузор гардид. 

Рақобати Нурмуҳаммадов ва Фергюсон дар дигар ҷой мегузарад: UFC макони нав меҷӯяд

Вале бо авҷ ёфтани маризии сироятии коронавирус, СҶБ онро пандемия эълон кард ва тавсия дод, ки баргузории ҳамагуна чорабиниҳо бо ҳузури беш аз 500 нафар комилан манъ карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки муҳорибаи ин ду размикор бо сабабҳои гуногун борҳо лағв карда шуд.

1086
Барчаспҳо:
Амрико, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов