Пустой стадион, архивное фото

Эҳтиёт ними ҳаёт: бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё ба дигар рӯзҳо гузоронида шуданд

77
(Таҷдидшуда 11:10 19.03.2020)
Ахиран Конфедератсияи футболи Осиё расман эълон намудааст, ки ҳамаи бозиҳо, ки мувофиқи нақша бояд моҳҳои март ва апрел баргузор мешуданд, вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус ба таъхир гузошта шуданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки дар он дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”- Тоҷикистон иштирок доранд ба вақти дигар гузоринида шуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, бо сабаби  хуруҷи ин беморӣ ва  маҳдуд шудани омаду рафт, инчунин бо назардошти саломатӣ ва бехатарии футболбозон ва чанд дархосте, ки аз ассотсиатсияҳои ширкаткунанда ворид шудаанд, КФО тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти худро, ки аз рӯи нақша бояд моҳҳои март ва апрел баргузор мегаштанд, ба таъхир гузорад.

“Конфедератсияи футболи Осиё пеш аз пешниҳоди санаҳои нав барои бозиҳои ба таъхир гузошташуда вазъро бодиққат арзёбӣ ва назорат мекунад”, - қайд намудааст манбаъ.

Ҳамин тавр чаҳор бозии моҳи апрелии Ҷоми КФО-2020 бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон – “Истиқлол” – “Олтин Асир” – (15 апрел, Ашқобод), “Хуҷанд” – “Дордой” (15 апрел, Хуҷанд), “Хуҷанд” – “Олтин Асир” (28 апрел, Хуҷанд) ва “Истиқлол” – “Дордой” (29 апрел, Душанбе) ба вақти дертар гузошта шуданд.

Қаблан бозии даври ҳафтуми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” байни дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистон ва Муғулистон, ки бояд   26 март дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе баргузор мешуд, ба вақти дигар гузошта шуд.

Инчунин бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби  Япония – Тоҷикистон (4 июн) ва Тоҷикистон – Мянма (9 июн) низ ба санаи номуайян гузошта шуданд.

77
Барчаспҳо:
Конфедератсияи футболи Осиё, таъхир, вирус, бозӣ, Осиё, Футбол, Тоҷикистон