Фардо дар Наврӯзгоҳ беҳтарин куштигирони тоҷик рақобат мекунанд

Обуна шудан
Паҳлавонҳои беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Фардо дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба  ифтихори  таҷлили ҷашни Наврӯз бо дастгирии шаҳрдории Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сабқати ҷумҳуриявии куштии миллӣ ҷоми "Пойтахт — 2020" баргузор мешавад.

"Мусобиқа фардо соати 09:00 оғоз мегардад", - омадааст дар хабарнома.

Паҳлавонҳои беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон мардуми Эронро ба Иди Наврӯз табрик гуфт

Гуфта мешавад, ки ин мусобиқа бо ширкати беҳтарин паҳлавонони кишвар аз вилоятҳои Суғду  Хатлон ва ВМКБ баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар  мешавем, ки  соли гузашта ба муносибати ҷашни Наврӯз 24 марти соли 2019 сабқати куштӣ баргузор шуда буд.

Ғолиби мутлақи он қаҳрамонӣ Саидҷалол Саидов гардид, ки шоҳҷоиза – мошини  сабукрави "Мерседес-бенс"  насибаш гашт.

Дар вазни мутлақ Фирдавс Насимов сазвори ҷойи дуюм гардида, ҷойи сеюм насиби Шарифҷон Назриев шуд.

© Sputnik Наврӯз: пешвози Соли нав
Фардо дар Наврӯзгоҳ беҳтарин куштигирони тоҷик рақобат мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз: пешвози Соли нав
Лентаи хабарҳо
0