Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Мароккоъ

Шоҳҷоиза соҳибашро ёфт:"Toyota Avalon" насиби Темур Раҳимов шуд

949
(Таҷдидшуда 22:28 21.03.2020)
Сабқати ҷумҳуриявии куштии миллӣ ҷоми "Пойтахт — 2020" насиби паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов гардид. Варзишгар акнун соҳиби автомашинаи тамғаи "Toyota Avalon" гардид

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Барои соҳиб шудан ба шоҳҷоиза - автомобил рақобат байни варзишгарони аз 80 кг боло сурат гирифт. Дар ин рақобат Темур Раҳимов нисбати  Шакармамад Мирмамад бартарӣ нишон додашоҳҷоиза ва Ҷоми пойтахтро ба даст овард. Ҷойи сеюм насиби Саидҷалол Саидов шуд.

Дар ин мусобиқа, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил шуд, 209 паҳлавони ҷумҳурӣ дар ҳайати 8 даста иштирок намуданд, хабар медиҳад котиботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

ба иттилои манбаъ, рӯзи аввал қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотӣ дар 8 категорияи вазнӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври финалӣ, ки рӯзи дуюм доир шуд, роҳхат гирифтанд.
Ба финали вазни 60кг ду бародар – Муҳаммадризо ва Муҳаммадсолеҳ Қувватовҳо роҳ ёфтанд ва медали тиллоро Муҳаммадсолеҳ ба Муҳаммадризо туҳфа кард. Ҷои сеюмро дар ин вазн Муслимбек Каримов пас аз пирӯзӣ бар Ҷомии Ҳасан ишғол намуд.

Аз се тон оши палав то куштӣ: таҷлили Наврӯз дар ВДНХ Маскав-Навор

Дар вазни 65кг Ёқубҷон Боқиев нисбат ба ҳарифон пурзӯр буд. Ӯ дар финал бар Идибек Сафаров ғолиб омад. Медали биринҷӣ насиби Баҳром Суфиев гардид, ки дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Хайрандеш Муродзодаро мағлуб намуд.

Субҳиддин Халилзода пас аз пирӯзӣ бар Муҳаммадисо Раҷабов медали тиллои вазни 70кг-ро сазовор шуд. Медали биринҷӣ насиби Шаҳзод Воҳидов гашт, ки барои ҷои сеюм бар Муҳаммадиқбол Тошев пирӯз шуд.


Дар даври финалии вазни 75кг паҳлавонони шинохта куштӣ гирифтанд. Деваштич Убайдӣ пас аз пирӯзӣ бар Мубориз Мунавваров ҷои аввалро ишғол кард. Медали биринҷиро Қандил Саидов ба даст овард.
Қувваозмоиҳои вазни 80кг низ ҷолиб сурат гирифта, дар даври ниҳоӣ Раҳматулло Фарҳодов нисбат ба Саидмухтор Расулов бартарӣ нишон дод. Медали биринҷии ин вазн насиби Оламафрӯз Абдураҳмонов гардид, ки дар баробари Ҳайдар Сайкабирзода дастболо шуд.

Изҳори ҳамдардиву табрик ба Наврӯз: паёми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Медали тиллои вазни 90кг-ро Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ дар финал Зафар Олимшоевро шикаст дод. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Комрон Карликов бар Балаҷон Бегов ғолиб шуд.
Дар вазни 100кг Шамшод Абдуллоев дурахшид. Ӯ дар финал Саидҷалол Саидовро мағлуб кард. Медали биринҷиро Фирдавс Насимов пас аз ғалаба бар Хуршед Маҷидов соҳиб гардид.
Дар вазни зиёда аз 100кг Темур Раҳимов пас аз пирӯзӣ бар Шакармамад Мирмамадов медали тиллоро ба гардан овехт. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Суҳроб Муҳаммадиев Фарҳод Шайховро мағлуб кард.
Ғолибону ҷоизадорон бо медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.

949