Турнир по гуштингири

Куштӣ дар Ҷомӣ: аз бурди Шакармамаду шикасти Маҷидов то рақобати бародарон Ҳасану Ҳусейн

196
(Таҷдидшуда 12:54 26.03.2020)
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотири ҷашни Наврӯз мусобиқаи куштӣ доир гашт, ки дар он се шоҳҷоиза ва автомашина бурд гардид

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Марҳилаи аввали чорабинӣ бо қувваозмоии паҳлавонони сабуквазн  оғоз  ёфтаас. Дар вазни 60 кило барои дарёфти шоҳҷоизаи аввал бародарон — Муҳаммадризо Қувватов ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов қувваозмоӣ кардаанд, ки дар натиҷа Муҳаммадризо ғолиб омадааст.

Дар рақобати ниҳоии вазни 70 кило низ ду бародар -Ҳусейн Исоқов ва Ҳасан Исоқовро вориди майдон шуда, дар ин сабкат Ҳасан Исоқов  ғолиб  омад.

Эмомризо Қурбонзода бо Ҳақназар Назаров дар вазни 90 кило барои шоҳҷоизаи дигар рақобат намудаанд, ки дар ин  қувваозмоӣ ғолибият насиби Ҳақназар Назаров гардид.

Ҳамчунин, дар ин мусобиқа  Фирдавс  Насимов бар  Хуршед Маҷидов ва Шакармамад Мирмамадов бар Давлат Назриев дастболо шуданд.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш, сабқати ҷумҳуриявии куштии миллии ҷоми "Пойтахт — 2020" насиби паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов гардид, ки дар он  "Toyota Avalon" бурд шуд.

Пеш аз сабқат бо Фергюсон: Ҳабиб тарки Амрико кард

Барои соҳиб шудан ба шоҳҷоиза - автомобил рақобат байни варзишгарони аз 80 кг боло сурат гирифт. Дар ин рақобат Темур Раҳимов нисбати  Шакармамад Мирмамад бартарӣ нишон дода шоҳҷоиза ва Ҷоми пойтахтро ба даст овард. Ҷойи сеюм насиби Саидҷалол Саидов шуд.

196
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бе ягон бозии расмӣ мавсими 2021-ро ҷамъбаст мекунад

108
Мавсими футбол барои мунтахаби миллии Тоҷикистон барои имсол хотима ёфта, кулли бозиҳояш ба соли оянда гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё ба қароре омаданд, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, Ҷоми Осиё-202 ба соли оянда гузошта шавад.

Ба поияи ин тасмим, бозиҳое, ки  баргузорияшон моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ба соли 2021 гузаронида мешаванд.

Яккачини Тоҷикистон ҳамин тавр дар соли ҷорӣ ягон бозии расмӣ доир намекунад, аммо аз рӯйи нақша бозиҳои дӯстонаашро доир мекунад.

Манбаъ мегӯяд, тасмими мазкур дар пайи паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиён, FIFA ва AFC минбаъд низ корро барои назорати дақиқи вазъ дар минтақа ва муайян кардани санаҳои нави мувофиқ барои бозиҳои интихобӣ,  идома медиҳанд.

Маълумоти бештар дар бораи санаҳои нави баргузории бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон- 2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад

Ёдовар мешавем яккачини Тоҷикистон мебоист моҳҳои октябр ва ноябр бо тимҳои миллии Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи мусобиқоти интихобӣ барои Ҷоми ҷаҳон-2022 рақобат кунад.

108
Барчаспҳо:
Ҷоми АФК, ФИФА, ФФТ, футбол, мунтахаби Тоҷикистон, Тоҷикистон
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

666
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

666
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

2293
(Таҷдидшуда 21:57 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ки қаблан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуда буд, феълан муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда буданд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Аммо наздикони шоири халқӣ мегӯянд, вазъаш рӯ ба беҳбуд ва феълан муътадил мебошад. Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз наздикони Гулназар Келдӣ дар саҳифааш миннатдории устодро ба ҳамаи онҳое, ки ҷӯёи ҳолашанд, баён дошт.

"Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст. Орзумандем, ки базудӣ бо такмили давраи муъолиҷаи худ ба оғӯши хонавода баргарданд", - навишт Раҷабиён.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

2293