Агент Тилавпур. Кӣ футболбозони тоҷикро дар хориҷа "мефурӯшад"?

Обуна шудан
Кова Тилавпур, танҳо агент ё менеҷери футбол дар хориҷ аст, ки бо ҷалб ё трансфери футболбозони тоҷик ба тимҳои кишварҳои хориҷӣ машғул аст

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Ӯ ду соли қабл ба Истамбул рафта, аз Федератсияи футболи Туркия шаҳодатнома ба даст оварда, як ширкати трансфериро таҳти унвони "Kova Tilavpur agency" таъсис дод ва ҳоло тасмим дорад дар ин соҳа унвони докториро низ ба даст орад.

Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз адами шуғли табъи дил ба ин натиҷа расид, ки худро дар тиҷорати трансфери футболбозон биозмояд. "Азбаски барои ин кор иҷозаи расмӣ зарур аст, ман бо ширкати "SportsJobFinder" – и инглисӣ, ки ба собиқ футболбози нигериягӣ Дапо Кайоде (дар гузашта бозигари "Динамо" – и Бухарест (Руминия), 2016 г. "Килмарнок" – и Килмарнок (Шотландия), "Дерри Сити"– и Дерри (Ирландия)) тааллуқ дорад, минҳайси агент ба ҳамкорӣ шурӯъ кардам.Пас ширкати худам "KT agency" – ро ташкил додам. Ҳоло машғули пайдо намудани тимҳои хуб барои бозикунон ва мураббиён мебошам", - гуфт Кова Тилавпур.

"KT agency" ҳоло ҳуқуқи трансфери 24 бозикун аз кишварҳои Русия, Украина, Эрон, Афғонистон ва Осиёи Марказиро соҳиб шудааст. Аз футболбозони тоҷик Нуриддин Давронов - "Борнео" (Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев - "Сайф Спортинг Клуб", Аҳтам Назаров – "Башундҳара Кинг" (Бангладеш), Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Бекназаров – "Хуҷанд" (Тоҷикистон) ва Шаҳром Самиев – "Рубин" (Қазон, Русия) мизоҷи ин ширкат мебошанд.

Аз футболбозони хориҷӣ Омид Иброҳимӣ, футболбози тими миллии Эронро ба бошгоҳи "Эйпен"-и Белгия, Аҳлиддин Исроилов ва Алимардон Шукуровро ба бошгоҳҳои "Самут Шахон" (Тайланд) ва "Болуспор" (Туркия) интиқол додааст.

Полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов - Sputnik Тоҷикистон
Нуриддин Давронов карераашро дар Индонезия идома медиҳад

Ҳоло бо тимҳои Тоҷикистон низ ҳамкориро шуруъ кардааст, то ба Лигаи Олӣ легионерҳои беҳтаринро ҷалб кунад ва аввалин кораш ҳам интиқоли Андрей Сидоров ба дастаи "Хуҷанд" аст.

Рустами Эмомалӣ вазорату идоранишинҳоро ба бозии футбол мебарорад

Мавсуф бо ҳайати тими мунтахаби ҷанонони Ӯзбекистон соли 2018 дар мусобиқаи Чемпионати Осиё қаҳрамон шудааст. "Кори трансфер як кори сода нест. Дар оғоз футболбозон ба мо муроҷиат мекунанд ё агентҳои мо дармеёбанд, ки сатҳи бозии як футболист баланд аст ва имкони муаррифии ӯ барои ягон тими хориҷӣ вуҷуд дорад. Мо бо ҳамон тим тамос мегирем ва футболбози худро муаррифӣ мекунем. Вақте ӯро қабул мекунанд, миёни ду тараф шартнома баста мешавад ва футболбоз ба он тим мегузарад. Аз ин муомилаҳо 10 ё бештар аз ин дарсади маблағи созишномаро соҳиб мешавем", - мегӯяд Кова Тилавпур.

Ба қавли ӯ, созишномаҳое, ки "KT agency" мебандад, ба монанди агентиҳои Аврупову Чин маболиғи бузургеро дарбар намегиранд ва ҳадди аксари онҳо аз 5 ҳазор доллари амрикоӣ ҳақмузди футболбоз беш нест.

"Сатҳи бозингароне, ки мо дорем, бештар ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, кишварҳои Араб ва тимҳои лигаҳои поёнии Аврупо рост меояд. Аммо вақтҳои охир дида мешавад,ки бозикунони тими навҷавонон ва ҷавонони Тоҷикистон таваҷҷуҳи бошгоҳҳои беҳтарини аврупоиро низ ҷалб кардааст. Мо дар ин амр талошҳое дорем, то онҳоро ба ин тимҳо ҷалб кунем", - гуфт Кова Тилавпур.

Кова Тилавпур, писари бузурги Тилав Расулзода, рӯзноманигори хушноми тоҷик, соли 1993 дар шаҳри Хуҷанд тавваллуд шуда, мактаби миёнаи №8 – и шаҳр ва таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ихтисоси забони англисӣ хатм кардааст. Солҳои 2016 – 2017 шореҳи шабакаи "Варзиш"– и Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0