Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Таҳдиди коронавирус: дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ лағв шуд

© Sputnik / StringerМужчина с таджикским флагом на финишной прямой полумарафона в честь празднования Дня города в Душанбе
Мужчина с таджикским флагом на финишной прямой полумарафона в честь празднования Дня города в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар масофаи 21,97 км доир мегардад ва соли 2014 ба рӯйхати мусобиқаҳои дави Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳонӣ ворид шуд. Ҳар сол дар мусобиқа давандҳои беш аз 15 давлат ширкат мекарданд

 ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки ҳар сол бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегашт, баргузор намешавад, гузориш медиҳад Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон.

"Масъули бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода иттилоъ дод, ки бо сабаби бемории ҳамагири КОВИД-19, ки беш аз 200 давлатро фаро гирифтааст, Кумитаи тадорукоти Ниммарафони Душанбе тасмим гирифт, ки мусобиқа имсол баргузор нашавад", - менависад манбаъ.
Демонстрация диагностики для обнаружения коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши рекордии гирифторони коронавирус дар Русия : 2774 дар як шабонарӯз

Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар масофаи 21,97 км доир мегардад ва соли 2014 ба рӯйхати мусобиқаҳои дави Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳонӣ ворид шуд. Ҳар сол дар мусобиқа давандҳои беш аз 15 давлат ширкат мекарданд.

Бемории коронавирус, ки дар ҳолати 14 апрел наздики ду миллион нафар дар беш аз 200 давлат ба он гирифтор шудаанд, дар тақвими чорабиниҳои варзишии ҷаҳон тағйироти чашмрас ворид кард.

Бозиҳои олимпии Токио, ки бояд тобистони имсол баргузор мешуд, ба тобистони соли 2021 гузаронида шуд. Аз аввали моҳи апрел бошад, бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба вақти номаълум ба таъхир афтоданд.

Мақомоти Хуҷанд: пинҳон нигоҳ доштани сирояти коронавирус ба нафъи ҳеҷ кишваре нест

Аз ҷумла, Варзиши сабуки ҷаҳонӣ муҳлати системаи интихобии олимпиро аз 6 апрел то 1 декабри соли 2020 боздошт. Натиҷаҳои дар ин муддат бадастомада дар ҳама гуна мусобиқаҳо ҳамчун меъёр барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио ҳисобида намешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0