Комроншоҳи Устопириён қаҳрамони самбои Тоҷикистон гардид

Комроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии самбо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии (FIAS) дар 9 вазн баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Комроншоҳи Устопириён, ҷудочии тоҷик, қаҳрамони дукаратаи Осиё ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон гардид.

Комроншо Устопириён завоевал золото Гран-при Анталии-2018  - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикона ва бо ғайрат: Мақоми 5-уми Комроншоҳ дар "Мастерс"

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон тайи ду рӯз дар толори маркази таълимии дастаҳои мунтахаби кишвар доир гашта, дар он аз сабаби пандемияи коронавирус, ягон тамошобин ҳузур надошт.

Манбаъ мегӯяд, мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар 9 вазн баргузор шуда, дар он 165 варзишгар аз 7 дастаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, мукофоти асосии мусобиқотро Комроншоҳи Устопириён ба даст овард ва ҷоизаҳои дигар аз вазнҳои поёнӣ насиби Акмалиддин Каримов ва Хуршед Маҷидов гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфтааст, дар мусобиқаи мазкур номзадҳо ба тими миллии кишвар барои ширкат дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ, ки баъди поёни пандемия доир мегарданд, интихоб шуданд.

Лентаи хабарҳо
0