Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Баррасии бозии баҳсбарангези дастаҳои “Истиқлол”-у “Хатлон” дар ФФТ ва муҷозоти довар

199
(Таҷдидшуда 14:52 23.04.2020)
Кумитаи доварони Федератсия футболи Тоҷикистон бозии баҳсбарангези тими “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Хатлонро баррасӣ кард.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсия футбол нишасти кумитаи доварон дар пайи шикояти тими “Хатлон”, ки иддао доранд дар бозӣ бо “Истиқлол” довар дар додани ҷаримаи ёздаҳметра ба ҳариф ва ихроҷи бозигарашон аз майдон ноҳақ буд.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи тамошои навори бозӣ ва баррасии он, Кумитаи доварони ФФТ  гуфтааст, тибқи қоидаҳои футбол тасмими додани ҷаримаи ёздаҳметра ба дарвозаи "Хатлон" аз суи довари асосӣ Насрулло Кабиров дуруст буд.

Манбаъ мегӯяд, Кумитаи доварони ФФТ гуфтааст,  дар ҳолати дуввум, ки довар бо нишон додани корти сурх дар дақиқаи 80-уми рақобат  нимҳимоятгар Умарҷон Шариповро аз идомаи бозӣ маҳрум сохт, ҳақ набуд.

ФФТ мегӯяд, дар пайи баррасӣ корти сурхи Умарҷон Шарипов, нимҳимоятгари тими “Хатлон” бекор карда шуд.

Гуфта мешавд, бо қарори кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, довар Насрулло Кабиров барои корти сурхи нодуруст нишондодааш  ба бозигари Хатлон аз доварӣ дар ду даври чемпионати Тоҷикистон маҳрум карда шуд.

Ёдовар мешавем бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Хатлон санаи 19 апрел дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гашта, бо ҳисоби мусовӣ 2:2 хотима ёфт. 

Дар пайи ин бозӣ аксар дустдорони футбол ва шореҳон гуфтанд, ки дар бозии маскур ду амалкади ноҷои довар ҳисоби "Истиқлол"-ро бо "Хатлон" баробар кард.

199
Барчаспҳо:
довар, футбол, "Истиқлол", ФФТ, Тоҷикистон
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

160
(Таҷдидшуда 09:45 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

160

Бо риояи масофа: футзалбозони Тоҷикистон ба тамрин баромаданд

132
(Таҷдидшуда 15:37 03.06.2020)
Маъмурияти дастаи футзали Тоҷикистон аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, давоми чанд рӯзи охир футзалбозони Лигаи касбии футзали кишвар, ки дар дастаҳои гуногун, аз ҷумла дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ  менамоянд, тамринро барои оғози мавсими нави футзал сар карданд.

Таъзияномаҳои ФФТ: аз фавти бародари котиби генералӣ то довар Қосимов-аксҳо

Тибқи иттилои ин ниҳод футболбозон бо риояи масофаи байни ҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ба машқҳо пардохтаанд.

Бино ба гузориши ФФТ, маъмурияти дастаи футзали мамлакат аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд.

Раҳмон дар Хуррамзамини Данғара майдончаи варзишии универсалиро ба истифода дод

Манбаъ афзуда, ки аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ марҳила ба марҳила ба тамрин шурӯъ карда, ба ғайр аз баргузории машқҳо дар хона, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ низ чунин тамринҳоро баргузор менамоянд.

132
Барчаспҳо:
вируси нав, Футбол, шаҳри Кӯлоб
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе

Роспотребнадзор гуфт, сохтани як ваксина барои COVID-19 ғайриимкон аст

0
Анна Попова, раҳбари Роспотребнадзор дар бораи омода кардани ваксина бар зидди коронавирус сухан гуфт

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ваксинаи ягона барои коронавирус нахоҳад дошт, гуфт роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова ҳангоми мубоҳисаи онлайн дар клуби “Валдай”.

Ба гуфтаи вай, дар Русия якбора якчанд доруҳои мухталифро барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ истифода хоҳанд бурд.

"Бешубҳа, ин як дору нахоҳад буд. Як қатор ваксинаҳо ва доруҳои мухталиф мавҷуданд, ки барои гурӯҳҳои гуногун истифода хоҳанд шуд" - гуфт Попова.

Дар хусуси таъсири ваксинаҳои таҳияшудаи зидди коронавирус ҳанӯз барвақт гуфтан, изҳор дошт роҳбари Роспотребнадзор.

"Мӯҳлати эълон (таҳия намудани ваксина) умеди касе аст. Аммо ба назарам, имрӯз ҳоло умедвор кардан барвақт аст. Мо метавонем бигӯем, ки кай таҳия ва иҷрои ваксина аз ҷиҳати техникӣ имконпазир аст, аммо мо итминон надорем, ки он барои шахс то чӣ андоза самарабахш хоҳад буд",- гуфт Попова.

Вай афзуд, ки бар асари коронавирус, мутахассисон бояд фавран ваксинаҳои зукомро омода кунанд. Тибқи пешгӯии Роспотребнадзор, мавҷи дуюми ин беморӣ дар давраи афзоиши беморищои шадиди роҳи нафас метавонад рух диҳад.

Тахмин меравад, ки дар ин ҳолат як бемор манбаи паҳнсозии ҳарду вирус - ҳам зуком ва ҳам коронавирус мегардад.

Номбурда гуфтааст, рухдоди чунин вазъ раванди вазнин хоҳад буд ва ин комилан, ин моро водор мекунад, ки ваксина алайҳи зукомро ба даст орем ва миқдори онро зиёд бардорем ва кӯшиш кунем, ки шумораи зиёди шаҳрвандон эм карда шаванд.

0
Барчаспҳо:
истеҳсол, вирус, табобат, дору, Тоҷикистон