Уличный баскетбол

Тоҷикистон баргузории ҳамагуна чорабиниҳои варзиширо манъ кард

350
Дар Тоҷикистон ҳамакнун ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии коронавирус баргузор намудани ҳамагуна чорабиниҳои варзишӣ қатъиян манъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сар аз 25 - уми апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои варзишӣ мавқуф гузошта шуданд.

Қарори манъи бапргузории чорабиниҳои варзишӣ дар ҷарапёни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус гирифта шуд.

Дар ҷаласаи ситоди мазкур таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ аз коронавирус баргузор гардидани чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ манъ карда шаванд.

Беш аз 800 ҳазор: теъдоди шифоёфтагон аз коронавирус рӯ ба афзоиш аст

Ҳамин тариқ, дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ, боздошта шуд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло мавориди зуҳур кардани маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тоҷикистону Туркманистон ду кишвари аъзои ИДМ мебошанд, ки аз ин маризии даҳшатбор дар канор монданд.

350
Барчаспҳо:
чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (753)
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бунёд шуд

33
(Таҷдидшуда 21:40 30.09.2020)
Дар рӯзи ифтитоҳи варзишгоҳ Хонаи фарҳанги деҳа низ пас аз таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд. 

Дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Директори мактаби №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки "ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ  воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ  дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад".

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки "Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд".

Ба иттилои Дӯсталиев барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд.

Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар аст, ки  дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

33
Барчаспҳо:
Варзишгоҳ, Рӯшон, ВМКБ
Открытие спортивного клуба «Парвиз Собиров» в Фирдавсинском районе Душанбе

Ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров дар Душанбе клуби варзишӣ сохт: Раҳмон онро ифтитоҳ кард

691
(Таҷдидшуда 17:54 29.09.2020)
Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ноҳияи Фирдавсии Клуби варзишии “Парвиз Собиров”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, муассиси клуби варзишӣ ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 милиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, иншооти варзишӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 468 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 15 нафар соҳиби ҷойи кори доими гардидаанд.

“Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст”,-афзудааст манбаъ..

“Дар ошёнаи якум толори машқи бадан дорои 45 намуд тренажёр барои 55 намуди варзиши чор гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, утоқи кории роҳбари маҷмаа, ҳуҷраи кории мураббиён, ҷойи ивазкунии сару либос, ҳаммом ва ҳоҷатхона дар ошёнаи дуюм толори машқу тамрини гуштини тарзи дзюдо барои 4 гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, дар маҷмуъ барои 100 нафар сохта шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар таҳхонаи бино ояндаи наздик дар нақша аст, ки барои занону бонувон толори машқи бадан бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шавад. Таҷҳизоти зарурии машқу тамрин харидорӣ шудааст.

 

691
Барчаспҳо:
варзишгар, паҳлавон, Душанбе, Тоҷикистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон