Команда Истиклол

Натиҷаҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон

93
(Таҷдидшуда 14:55 27.04.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik.Тибқи иттилои Кумита, тими “Истиқлол” 25 апрел дар майдони худ дастаи “Куктош”-ро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст дод. Дар ҳайати дастаи Душанбе Рустам Соиров се гол, Манучеҳр Ҷалилов ду гол заданд. Бозингари тими меҳмон Холмурод Назаров як гол ба дарвозаи дастаи худаш, як голи дигар ба дарвозаи ҳариф зад.

Манбаъ афзуд, дар бозии дигар дастаи нави лигаи олӣ “Файзканд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои дастаи ноҳияи Восеъро Ҷасур Қурбонов ва Анвар Муродов ба ҳадаф расониданд. Голи “Истаравшан”-ро Абдуқаҳор Қодиров ба номаш сабт кард.

Ба иттилои Кумита, се бозии дигари даври чорум 26 апрел сурат гирифт. Дар пайи “Истиқлол” пешсафи дигари чемпионат - дастаи “Хатлон” ғолибият ба даст овард. Бохтариҳо дар меҳмонӣ бар дастаи “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Се голи “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов зад. Дар ҳайати роҳи оҳанчиён Азизбек Ҳасанов ва Шаҳром Сулаймонов дурахшиданд.

Дастаи нави лигаи олӣ – “Душанбе-83” ғалабаи таърихиашро ҷашн гирифт. Душанбегиҳо дар бозии хонагӣ бар дастаи КМВА бо ҳисоби 2:1 зафар ёфтанд. Ду голи дастаи ғолибро Хуршед Абдуллоев ба номаш сабт кард. Голи ягонаи артишиҳоро Фирӯз Бобиев зад.

Баъд аз ду шикасти пайиҳам дар даврҳои аввали чемпионат дар даври навбатӣ “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дастаи соҳили дарёи Сир тавассути зарбаҳои нишонраси Санҷар Рихсибоев ва Дилшод Бозоров соҳиби се хол шуд. Голи дастаи шаҳри Турсунзодаро Диловаршо Ғаниев зад.

Ҳамин тариқ, пас аз чор давр дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” бо 10-холӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор доранд. Дар ҷои сеюм "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ (8 хол) мавқеъ гирифтааст. Акнун дар Чемпионати Тоҷикистон-2020, ба хотири пешгирии вируси COVID-19, то 11 май истироҳат эълон шуд.

93
Барчаспҳо:
Футбол, чемпионат, Тоҷикистон
Хабиб Нурмагомедов

Ҳабиб номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шуд

1351
(Таҷдидшуда 17:59 29.05.2020)
Шабакаи машҳури телеграммавии "Незыгарь" пешниҳод намуд, ки қаҳрамони UFC, Ҳабиб Нурмуҳаммадови 31-сола ба мансаби сарвари Ҷумҳурии Доғистон пешбарӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik.  Қаҳрамони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов номзади мувофиқ ба мансаби роҳбари Доғистон унвон шудааст. Дар ин бора дар саҳифаи Телеграммаи "Незыгарь" гуфта мешавад.

"Хусусиятҳои калидии роҳбари Доғистон дар марҳилаи кунунӣ риояи қарордодҳои ҷамъиятӣ ва қобилияти ҳокимияти шахсӣ барои таъмини риояи қоидаҳои ҷамъиятӣ, эҷоди субот дар минтақа дар ҳама соҳаҳо, муҳимтаринашон бо ҷавонон кор кардан аст. Аз ин нуқтаи назар ҷолиб мебуд,  ба номзадии Ҳабиб Нурмуҳаммадов диққат дод”, гуфта мешавад дар саҳифаи Telegram.

Гуфта мешавад, ӯ дар баробари Қаҳрамони UFC будан, мавқеи возеҳ, нуфузи эътирофшудаи минтақа ва берун аз он, сифатҳои роҳбарб, поквиҷдонӣ дар риояи қоидаҳо ва созишномаҳоро дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бо дарназардошти сатҳи шинохти Нурмуҳаммадов дар ҷаҳон, миқёси шунавандагонаш, сатҳи робитаҳо ва таҷриба дар муносибатҳо, мо ба хулоса омада метавонем, ки тарбияи чунин кадрҳои ҷавон дар системаи идоракунии давлатӣ дар оянда метавонад ба минтақа ва кишвар муфид бошад.

Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд

Ӯ яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Доғистон ба шумор рафта, вобаста ба масоили доғи рӯз фикрҳояшро баён мекунад. Аммо қаблан низ дар чандин суҳбатҳояш ишора карда буд, ки аз сиёсат дур аст.

Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони феълии UFC  буда, дар рейтинги расмии UFC дар байни беҳтарин паҳлавонон, новобаста аз категорияи вазн, ҷои дуюмро мегирад.

1351
Барчаспҳо:
Доғистон, Русия
Расул Бокиев

Сипоси муфтии Маскав аз Расул Боқиев барои кумакҳояш ба муҳоҷирин ва камбизоатону маъбон

504
(Таҷдидшуда 15:54 29.05.2020)
Илдар Аляутдинов, муфтии Маскав ба Расул Боқиев, паҳлавони шинохтаи тоҷик барои кумакҳояш изҳори сипос кардааст 

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Дар ин бора худи паҳлавон аксҳо аз дидору мулоқот ва сипоснома аз суи муфтии Маскав ба ӯ ҳадяшударо дар саҳфаи фейсбукияш гузоштааст.

Дар сипоснома навишта шудааст, ки Идораи рӯҳонии мусулмонони Федератсияи Русия ба барандаи Ҷоизаҳои Бозиҳои олимпӣ, барандаи ҷоизаи Чемпионати ҷаҳон, Чемпионати ҷудои  Русия Расул Боқиев барои расонидани кӯмаки хайрия ба муҳоҷирон, собиқадорон ва иштирокчиёни ҶБВ, маъюбон, кӯдакони оилаҳои камбизоат ва оилаҳои серфарзанд изҳори сипос кардааст.

Ин ниҳоди динии Русия ҳамчунин барои паҳлавон ва рушди мактаби ҷудои ӯ дар ин кишвар пешрафт ва шукуфоӣ таманно кардааст.

Расул Боқиев, фарзанди паҳлавони маъруфи тоҷик Мураббии шоистаи Тоҷикистон Худойназар Боқиев аз варзишкорони шинохтаи кишвар буда 38 сол дошта, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.

Номбурда соли 2008 барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин ва  соли 2007 дар Рио-Де-Жанейро нишони биринҷии қаҳрамонии дунёро ба даст овардааст.

Расул Боқиев: Агар раҳбарони одил медоштем, ман имрӯз дар Тоҷикистон будам...

Паҳлавони шинохта, ҳамзамон солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 барандаи Ҷоми ҷаҳон ва 2009 қаҳрамони гуштии ҷудои Русия шуда буд.

Дорандаи унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон буда тайи чанд соли ахир дар Русия иқомат мекунад ва  соли 2015 дар Маскав барои омодасозии варзишкорони ҳирфаӣ “Мактаби гуштии Расул Боқиев”-ро ташкил кард.

504
Пограничная вышка, архивное фото

Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

0
(Таҷдидшуда 17:15 30.05.2020)
Мақомоти Қирғизистон аз тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ин тавофуқ дар натиҷаи музокироти намояндагони ду кишвар ҳосил шуда, вале мутаассифона, ҳанӯз иҷроӣ нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи хабаргузории давлатии Қирғизистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар се даҳаи музокираи марзии муштараки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон 38 бор намояндагони ҳукумат, 48 маротаба гурӯҳҳои нақшабардорӣ ва 21 бор гурӯҳҳои ҳуқуқии ду кишвар аломатгузории муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 24-уми май дар Рӯзи Иди моҳи шарифи Рамазон дар марз тирандозие дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух сар зад, ки дар он сарбози қатории нереуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захмӣ шуд.

Пеш аз он, рӯзи 8 май дар натиҷаи муноқиша дар Чоркӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ду кишвар солҳои сол аст, ки наметавонанд  сари ин масъала ба тавофуқ расанд ва ба ин муноқишаҳои марзӣ хотима бахшанд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои марзӣ барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва баъзан ба хунрезӣ мубадал мегардад.

 

0
Барчаспҳо:
хатти марз, аломатгузорӣ, тавофуқ, Қирғизистон, Тоҷикистон