Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Боарзиштарин бозигару мураббӣ дар футболи тоҷик кист?: аз Ҷалиловҳо то Фатҳуллоеву Эҳсон

536
(Таҷдидшуда 16:15 29.04.2020)
Пойгоҳи хабарии transfermarkt.ru арзиши футболбозон ва мураббиҳои тимҳои Лигаи олии Тоҷикистонро гуфтааст

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Эълони арзиши футболбозони тимҳои тоҷик дар ҳолест, ки дастаҳо ҳангоми хариди бозигарон арзиши онҳоро эълон намеунанд.

Бар пояи нишондоди transfermarkt.ru бозигарони боарзиштарин миёни тимҳои Тоҷикистон дар “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекардаанд.

Ба иттилои манбаъ Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов ва Виктор Свежов  300 ҳазорӣ арзиш доштаанд.

Бозигарон Манучеҳр Ҷалилов,  Марко Миличи  сербиягӣ ва  Воҳид Оразсахедови туркман 250 ҳазор евроӣ арзиш доштаанд.  

Ҳамчунин Эҳсон Панҷшанбе ва Олег Ларини Украинӣ 200 ҳазор евроӣ арзиш доштаанд.

Дар ин тим ҳамчунин бозигарони дигаре низ ҳастанд, ки аз 25 то 150 ҳазор евро арзиш доранд. 

Бозигарони аз ҳама боарзиш дар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев   ва Хуршед Бекназаров будаанд, ки 250 ҳазор евроӣ арзиш доштаанд.

Се легионери тим аз Ӯзбекистон Сарвар Рихсибоев  150 ҳазор евро, Сироҷ Раҳимову 125 ҳазор евро ва Андрей Сидоров 100 ҳазор евро арзиш доштаанд.

Нимҳимоятгари даста Манучеҳр Сафаров 125 ҳазор евро арзиш дошда, дар бораи нархи бозигарони дигар маълумот дода нашудаас.

Аз тими “Регар ТадАЗ”  бошад  лу легионери ӯзбек Сардор Эминов 125 ҳазор евро ва Ҷалил Кимсанов 75 ҳазор евро арзиш доштаанд.

Бозигарони тими “Локомотив Помир” Шоҳрух Қирғизбоев ва Шаҳром Сулаймонов 50 ҳазор евроӣ арзиш доштаанд.

Аз тими “Хатлон” бошад танҳо маълумоти Умедҷон Шарипов ва Кароматулло Саидов аст, ки 100 ҳазор евроӣ арзиш доштаанд.

Фатҳулло Бобоев аз  тими “Файзканд Восеъ”  25 ҳазор евро арзиш доштааст.

Миёни мураббиён бошад Витали Левченко (“Истиқлол”) маблағи умумии гузариш 2.93 миллон евро, Никола Лазеревич (“Хуҷанд”)1,03 миллион евро, Уктам Сатторов  (Регар Тадаз) 200 ҳазор евро, Аслиддин Ҳабибуллоев (“Хатлон”) 200 ҳазор евро, Мубин Эргашев (“Локомотив Помир”)  100 ҳазор евро

536
Барчаспҳо:
"Хуҷанд", "Истиқлол", бозигар, арзиш, футбол, Тоҷикистон

ВАО: Бозии "Ливерпул" ва "Атлетико" сабаби марги 41 нафар аз коронавирус гашт

530
Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико” боиси марги камаш 41 нафар аз коронавирус дар Бритониё гардид, хабар медиҳад The ​​Sunday Times

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нашрия қайд мекунад, ки омор ба ширкати Edge Health дар асоси маълумоти Хадамоти миллии тандурустии Британияи Кабир (NHS) асос ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ 41 фавти мухлисон бинобар сабаби хуруҷи Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, мубталоёни ин беморӣ пас аз 25-30 рӯзи бозӣ фавтиданд.

Манбаъ мегӯяд,  шумораи фавтидагон тавассути додаҳо пас аз омадани мухлисони испанӣ ба Англия ва муқоисаи шумораи фавт дар дигар минтақаҳои кишвар ба даст оварда шудааст.

Бар пояи иттилооти коршиносони Imperial College London ва Донишгоҳи Оксфорд, дар вақти бозиҳои дастаҳои испанӣ 640 ҳазор нафар ва дар вақти бозиҳои дастаҳои англисӣ 100 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд.

Бозии “Ливерпул” ва “Атлетико” 11-уми март дар “Энфилд” баргузор шуд, ки 52 ҳазор мухлис ин вохӯриро аз майдон тамошо намуд ва бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.

530

Сана ва макони рақобати Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд

673
(Таҷдидшуда 11:40 23.05.2020)
Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори бокс Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду боксчӣ машҳур имкон дорад санаи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Чанде пеш ҳарду нобиғаи бокс аз бозгашташон ба майдон хабар дода буданд.

Қаблан Тайсон ва Холифилд бо ҳамдигар ду маротиба рақобат карда буданд.

Холифилд дар дидори аввал ғолиб омада, Тайсонро ба таври техникӣ мағлуб кард.

Дар рақобати дуюм бошад Тайсон гӯши Холифилдро газид ва Эвандер аз идомаи муҳориба худдорӣ кард.

 Тайсан бошад аз рақобат маҳрум ва ҷарима шуд.

Қаблан Холифил баъди эълони бозгашташ ба саҳнаи бокс, гуфта буд, ки омодааст  бо Тайсон як маротибаи дигар биҷангад.

"Омодаам инро кунам. Ман мехоҳам бо Тайсон рақобат кунам. Фикр мекунам ман дар ин синни 57 солагиям низ муваффақ мешавад. Ман ӯро мағлуб карда метавонам. Гарчанде сухан дар бораи он намеравад, ки ки киро мағлуб мекунад, балки гап дар бораи он меравад, ки ба одамон нишон диҳем, ки мо яке аз муштзанҳои бузурги даврон ҳастем",-гуфтааст Холифилд.

673
Барчаспҳо:
шикаст, пирӯзӣ, рақобат, майдон, бокс, Майк Тайсон, Ҷаҳон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

255
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

255
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон