Бозии волейболи соҳилӣ дар Бразилия, акс аз бойгонӣ

Таъхири бозиҳои соҳилии ҷаҳон: шарҳи Кумитаи олимпӣ

146
(Таҷдидшуда 10:08 03.05.2020)
Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, ки бояд соли оянда баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи Covid-19 ба соли 2023 таҳвил дода шуд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ - "ANOC", ки ташаббускори бозиҳо мебошад, ин тасмимро ба хотири кам кардани фишор болои кумитаҳои миллии олимпӣ гирифтааст, хабар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. 

Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки ин тасмим ба кумитаҳои миллӣ имконият медиҳад, ки барои омодагии варзишгаронашон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки ба соли 2021 гузаронида шуд ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 тамаркузи бештар намоянд.

Манбаъ зикр намуд, ки аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон соли 2019 дар Доҳаи Қатар доир гашт ва аз рӯи нақша он бояд ҳар ду сол баргузор шавад, вале акнун баъд аз чор сол доир мегардад.

"Дар робита ба он ки Бозиҳои олимпии Токио ба соли оянда таҳвил дода шуд ва пас аз шаш моҳ Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ба нақша гирифта шудааст, Кумитаи иҷроияи ANOC ба хулоса омад, ки баргузории Бозиҳои соҳилии ҷаҳон миёни ду бозиҳои олимпӣ фишори бузург болои кумитаҳои миллии олимпӣ мешавад. Албатта варзишгарон ва барномаи бозиҳо фарқкунандаанд, аммо кумитаҳои олимпӣ бояд дастаҳояшонро омода кунанд", - омадааст дар изҳороти ANOC.

Ин созмон таъкид намудааст, ки "бо таҳвил додани бозиҳо мо ҳаҷми кори кумитаҳои миллии олимпиро дар соли оянда камтар мекунем ва барои омодагӣ ва сафарбар кардани беҳтарин варзишгаронашон дар соли 2023 имкон фароҳам меоварем".

146
Барчаспҳо:
таъхир, варзиш, Ҷаҳон
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

168
(Таҷдидшуда 09:45 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

168

Бо риояи масофа: футзалбозони Тоҷикистон ба тамрин баромаданд

134
(Таҷдидшуда 15:37 03.06.2020)
Маъмурияти дастаи футзали Тоҷикистон аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, давоми чанд рӯзи охир футзалбозони Лигаи касбии футзали кишвар, ки дар дастаҳои гуногун, аз ҷумла дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ  менамоянд, тамринро барои оғози мавсими нави футзал сар карданд.

Таъзияномаҳои ФФТ: аз фавти бародари котиби генералӣ то довар Қосимов-аксҳо

Тибқи иттилои ин ниҳод футболбозон бо риояи масофаи байни ҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ба машқҳо пардохтаанд.

Бино ба гузориши ФФТ, маъмурияти дастаи футзали мамлакат аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд.

Раҳмон дар Хуррамзамини Данғара майдончаи варзишии универсалиро ба истифода дод

Манбаъ афзуда, ки аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ марҳила ба марҳила ба тамрин шурӯъ карда, ба ғайр аз баргузории машқҳо дар хона, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ низ чунин тамринҳоро баргузор менамоянд.

134
Барчаспҳо:
вируси нав, Футбол, шаҳри Кӯлоб
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
(NaN:NaN / NaNMb / )

Намози ҷумъа дар масҷиди Ал-Ақсо аз сар гирифта шуд: пахши мустақим

0
(Таҷдидшуда 13:52 05.06.2020)
Дар масҷиди Ал-Ақсои Иерусалим аз имрӯз 5 июн, расман мусалмонон ба хондани намози ҷумъа оғоз карданд
0
Барчаспҳо:
намози ҷумъа, Иерусалим