Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Дана Уайт шарти реванши Ҳабиб ва Конорро гуфт

396
(Таҷдидшуда 18:11 15.05.2020)
Агар Конор Макгрегор дар рақобати тобистонӣ рақибашро мағлуб намояд, метавонад бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба октагон барояд

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт шарти баргузор шудани реванш миёни размикорони машҳур - Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро гуфт.

Уайт дар барномаи Tim & Sid қайд кард, ки рақобати миёни варзишкори русиягӣ Ҳабиб ва размикори амрикоӣ Ҷастин Гэтҷӣ моҳи сентябр баргузор мешавад, Конор бошад тобистони ҳамин сол ба октагон хоҳад баромад.

Баргузории мусобиқаи UFC лағв шуд: Дана Уайт гуфт, ба ӯ аз боло занг заданд

"Агар Конор Макгрегор дар рақобати тобистонӣ рақибашро мағлуб намояд, метавонад бо Ҳабиб ба октагон барояд", - афзудааст ӯ.

Ёдрас мешавем, ки рақобати нахустин миёни варзишкорон, моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Лас-Вегас баргузор шуда буд, ки бо пирӯзии мутлақи Ҳабиб анҷом ёфт.

396
Барчаспҳо:
рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Бозгашти футболи бузург ба майдон

256
(Таҷдидшуда 11:25 27.05.2020)
Чемпионати Испания аз сертамшобинтарин ва ҳаводортарин мусоқибиқоти ҷаҳон аз намуди футбол пас аз танаффуси тӯлонӣ бармегардад

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Чемпионати Испания, ки ба сабаби пандемияи коронавирус, моҳ март қатъ шуда буд, рӯзи 8-уми июн аз нав оғоз меёбад.

Дар ин бора рӯзномаи Marca дар такя ба суханони Педро Санчес сарвазири Испания хабар додааст.

“Испания он чиро, ки бояд иҷро мекард, анҷом дод. Акнун дар назди ҳар яки мо вазифаҳои нав меистад. Замоне расидааст, ки бисёре аз машғулиятҳои ҳаррӯзаи мо дубора барқарор шаванд. Чемпионати футболи кишвар 8-уми июн оғоз хоҳад шуд”, - гуфтааст Санчес.

Ёдовар мешавем, қаблан, Хавйер Тебас президенти Ла Лига гуфт, бозиҳо бидуни тамошобин баргузор мешаванд ва ба бошгоҳҳо иҷоза дода шуда буд, ки аз 18-уми май тамринҳои гурӯҳиро аз нав оғоз кунанд.

То ин замон тамринҳои бозигарон ба таври инфиродӣ сурат мегирифт.

Чемпионати Испания аз машҳуртарин мусобиқоти футбол аст, ки ҳаводорони зиёд дорад. Дар ин мусобиқот ду бошгоҳи бузурги сайёра “Реал Мадрид” ва “Барселона” ҷой доранд.

256

ВАО: Бозии "Ливерпул" ва "Атлетико" сабаби марги 41 нафар аз коронавирус гашт

558
Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико” боиси марги камаш 41 нафар аз коронавирус дар Бритониё гардид, хабар медиҳад The ​​Sunday Times

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нашрия қайд мекунад, ки омор ба ширкати Edge Health дар асоси маълумоти Хадамоти миллии тандурустии Британияи Кабир (NHS) асос ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ 41 фавти мухлисон бинобар сабаби хуруҷи Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, мубталоёни ин беморӣ пас аз 25-30 рӯзи бозӣ фавтиданд.

Манбаъ мегӯяд,  шумораи фавтидагон тавассути додаҳо пас аз омадани мухлисони испанӣ ба Англия ва муқоисаи шумораи фавт дар дигар минтақаҳои кишвар ба даст оварда шудааст.

Бар пояи иттилооти коршиносони Imperial College London ва Донишгоҳи Оксфорд, дар вақти бозиҳои дастаҳои испанӣ 640 ҳазор нафар ва дар вақти бозиҳои дастаҳои англисӣ 100 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд.

Бозии “Ливерпул” ва “Атлетико” 11-уми март дар “Энфилд” баргузор шуд, ки 52 ҳазор мухлис ин вохӯриро аз майдон тамошо намуд ва бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.

558
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2624
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2624
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон