Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Конор имкони набард бо Ҳабибро ба даст овард

1220
(Таҷдидшуда 13:01 02.06.2020)
Конор Макгрегори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад

ДУШАНБЕ, 2  июн — Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфтааст, ки қаҳрамони собиқи ду вазн Конор Макгрегор бори дигар шонси ба даст овардани унвон дорад, хабар медиҳад ESPN.

Уайт гуфт, варзишкори ирландӣ бо ғолиби муҳорибае, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни қаҳрамони UFC  Ҳабиб Нурмуҳаммадо ва Ҷастин Гэтҷи баргузор мешавад, мубориза мебарад.

“Ман интизори набарди Гэтҷи ва Ҳабиб ҳастам. Мехоҳам бинам, ки он чӣ гуна ба поён мерасад. Пас аз он мунтазири муҳорибаи Конор бо ғолиби ин зӯрозмоӣ хоҳам буд",-гуфтааст ӯ.

Ҳамин тариқ, агар Нурмуҳаммадов  Ҷастин Гэтҷиро мағлуб кунад, ӯ боз дубора бо Конор вориди майдон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2018, варзишгарон дар Лас Вегас миёни ҳам зӯрозмоӣ доштанд. Дар ин набард Ҳабиб дар даври чорум конорро бо усули буғи кардан, шикаст дода буд.

Падар гуфту писар нахост: Ҳабиб дар бораи реванш бо Конор бар ивази 100 миллион

Пас аз шикаст, Конор такроран ба Нурмуҳаммадов таклифи рақобати ҷавобӣ ва ё реванш кард, аммо размикори доғистонӣ инро рад карда гуфт, ки варзишкори ирландӣ барои ӯ рақиби қавӣ нест.

1220
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, майдон, ғолиб, зӯрозмоии размикорон, рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

"Сахт пазмонат мешавам": таассуфи роҳбари UFC аз марги Абдулманап ва нашр намудани навор

614
Дана Уайт дар робита ба фавти Абдулманап Нурмуҳаммадов падар ва мурабии қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов навореро нашр намудааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Роҳбари UFC Дана Уайт дар Twitter навореро нашр намудааст, ки ба Абдулманап Нурмуҳаммадов бахшида шудааст.

Уайт аз марги мураббии шинохта изҳори таассуф намуда, зери навор чунин навиштааст:

"Сахт пазмонат мешавам, ҷаноби Нурмуҳаммадов".

Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳамадовро 25 апрел бо нишонаҳои коронавирус ба яке аз дармонгоҳҳои Доғистон бистарӣ намуданд.

Аммо чун вазъи саломатии ӯ рӯ ба бадшавӣ ниҳод, ӯро 3 - юми май фавран ба шаҳри Маскав интиқол доданд.

Ба изҳори Рамазон Рабаданов дӯсти ин хонавода, Абдулманап сактаи қалбӣ ва мағзи сар шуда, ки дар натиҷа кори дилаш мӯътадил шуд, аммо сактаи мағзи сар бидуни таӯйир монд.

"Ӯ ба ҳуш наомада ҷон бохт", - афзуд Рабаданов пас аз марги Абдулманап.

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

614

Месси "Барселона"-ро тарк мекунад?

264
(Таҷдидшуда 11:01 05.07.2020)
Ҳамлавар ва капитани бошгоҳи "Барселона"-и Испания Лионел Месси нақша дорад, ки соли 2021 клубро тарк кунад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ба гуфтаи Cadena SER, ҳамлагари 33-сола нақша дорад тимро баъди хотимаи мавсими ҷорӣ тарк кунад.

Гуфта мешавад, нокомиҳои ахири дастаи Каталония боис гаштааст, ки бозигари аргентинӣ дар бораи тағйтри дастааш фикр кунад.

Cadena SER қайд мекунад, ки Месси ба нафарони наздикони худ гуфтааст, ки намехоҳад барои “Барселонп” бори гарон шавад.

Инчунин Месси аз хабарҳои бардуруғе, ки дар борааш паҳн мешаванд, ки гӯё ӯ ҳайатро дар “Барса” муайян мекунад, хаста шудааст.

Дар ин мавсим Месси дар Ла Лига дар ҳайати Барселона 28 бозӣ гузаронида, 22 гол задааст ва 18 тӯби головар додааст.

Футболбози аргентинӣ ҳоло расман хабарҳоро шарҳ надодааст.

Месси ё Роналду: беҳтарин футболисти аср эълон шуд

Дар умум Лионел Месси 33-сола дар ҳайати Барселона даҳ чемпионати Испания, чаҳор Лигаи чемпионҳо, шаш Кубокҳои Испания ва се Суперҷоми Аврупоро бурд кардааст.

Вай рекорди мутлақро дар задани голҳо (зиёда аз 500) дар ҳайати клуби Каталонӣ гузоштааст.

Ӯ ғолиби шаш каратаи Тӯби тиллоӣ мебошад.

264
График на бирже, архивное фото

Холиқзода гуфт,  ба рушди иқтисоди Тоҷикистон чи омилҳо монеа мешаванд

0
(Таҷдидшуда 17:52 05.07.2020)
Рушди иқтисодии Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст, гуфт директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ Абдухолик Холиқзода

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Коҳиши иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020 ба рушди иқтисодии Тоҷикистон халал мерасонад, гуфт Абулхолиқ Холиқзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар сущбат бо “Ховар”.

“Мушоҳида мегардад, ки бо пайдоиш ва шуруъи бемории сироятии СOVID – 19 дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бинобар таъсироти манфии он ба коҳишёбии маҳсулнокии фаъолият дар натиҷаи беморшавӣ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнашуда дар корхонаҳои саноатӣ, маҷмуан паст гардидани даромаднокӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар паёмади муваққатан ва ё пурра аз даст додани фаъолнокии корӣ оварда расонид”,- гуфтааст ӯ.

Бо ишора ба пешгӯии таҳлилгарон, Холиқзода қайд кард, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон боиси кам шудани 30-40% сармоягузорӣ мегардад.

Директори марказ диққатро ба он ҷалб кард, ки якчанд омилҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсир мерасонанд.

Ҳушдори БМТ аз хатарҳои коронавирус ба иқтисод: меъёри бозтамвилро кам кард

“Ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон айни замон таназзули иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020, пӯшидани сарҳадҳо, сустшавии иқтисодиёти Россия ва Чин ба сифати шарикони асосӣ, кам шудани содироти молҳои ватанӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои хориҷӣ ва даромади хонаводаҳо, бефаъолӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сайёҳӣ, кам гардидани савдо ва сайёҳон таъсиргузор хоҳанд буд”,-зикр кард ӯ .

0