Заслуженный тренер России, старший тренер сборной команды республики Дагестан по боевому самбо, чемпион Украины по дзюдо и самбо Абдулманап Нурмагомедов

Бидуни беҳбудӣ: вазъи падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ҳамоно вазнин аст

469
(Таҷдидшуда 14:28 07.06.2020)
Шореҳи варзишӣ ва дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммедовҳо мегӯяд, вазъи саломатии Абдулманап ҳамоно бидуни тағйирот аст

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Шореҳи варзиӣ Рамазон Рабаданов, дӯсти оилаи Нурмуҳаммадовҳо ҳолати мураббӣ ва падари Қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадовро шарҳ дод, хабар медиҳад ТАСС.

"Беҳбудӣ нест. Ӯ ҳамоно дар ҳолати вазнин қарор дорад", - менависад ТАСС аз қавли Рабаданов.

Сактаи мағз ва илтиҳоби 75 дарсади шуш: вазъи саломатии Нурмуҳаммадов ҳамоно вазнин аст

Ба изҳори ӯ Нурмуҳаммадови калонӣ то ҳол дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.

"Ҳудуди 75 дарсади шушҳои Абдулманап  аз илтиҳоби шадид зарар диданд", - афзудааст Рабаданов.

Қаблан Рабаданов хабар дода буд, ки аз ҳисоби илтиҳоби шадиди шуш, мураббии номӣ ба сактаи мағзӣ гирифтор шудааст. 

"Табибон худ ӯро вориди "ком" (беҳушӣ) намуданд ва аз ин вазъият ҳам худашон ӯро берун оварданд. Аммо вазъияти ӯ ҳамоно вазнин аст ва мо аз шифо ёфтани ӯ умедворем", - афзуда буд дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо.

Ёдовар мешавем, ки падар ва мураббии Ҳабиб дар Доғистон гирифтори илтиҳоби шадиди шуш гардид ва барои чанд муддат дар дармонгоҳи ватанаш бистарӣ шуда буд.

Аммо дар робита ба вазнин шудани вазъи саломатии ӯ, мураббии номиро фавран ба Маскав барои муолиҷа интиқол доданд.

469
Барчаспҳо:
вазнин, саломатӣ, падар, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (747)
Борьба гуштингири, архивное фото

Тасдиқи ҷадвали нави мусобиқоти куштӣ дар соли 2021

67
(Таҷдидшуда 14:10 28.09.2020)
Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ – “UWW” тақвими чорабиниҳояшро барои соли 2021 бо сабаби пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои он бозбинӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чемпионатҳои қоравӣ аввали сол, қабл аз мусобиқаҳои интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба нақша гирифта шуданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла, Чемпионати Осиё миёни калонсолон 16-21 феврали соли 2021 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад.

“Рӯзи 26-28 марти 2021 бошад, дар шаҳри Сияни Чин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии Токио дар қораи Осиё ба нақша гирифта шудааст. Сипас, аз 29 апрел то 2 май шаҳри Софияи Булғористон мизбони мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ хоҳад буд”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ба охири моҳи июл гузаронида шуд, то ба Бозиҳои олимпӣ халал нарасонад. Зикр гардид, ки фарқ миёни чемпионати ҷаҳон ва чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон набояд камтар аз як моҳ бошад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба далели ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпии наврасон-2022 чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон дар соли 2022 аз нав охири моҳи июн баргузор хоҳанд шуд.

67
Барчаспҳо:
мусобиқа, сабқати кушоди куштӣ, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Чемпионат Таджикистана между командами Истиклол и Худжанд

Медалҳои нуқраи "Хуҷанд" ва нахустин шикасти чемпион - "Истиқлол"

140
(Таҷдидшуда 13:11 28.09.2020)
Рӯзҳои 26-27 сентябр бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, ду давр пеш аз анҷоми чемпионат сазовори медалҳои нуқра гардида, ҷояшро дар Ҷоми КФО-2021 таъмин кард.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳисоби бозиро дар дақиқаи сеюм Дилшод Бозоров кушод. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 12, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 32-юм ду тӯби дигар ба дарвозаи ҳариф ворид карданд. Дар нимаи дуюм бохтариҳо ташаббус ба даст гирифтанд, вале ба задани ду гол даст ёфтанд - Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 64, Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+2.

Кумитаи миллӣ афзуд, ки бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” – “Истаравшан” мусовӣ – 2:2 хотима ёфт. Голҳои дастаи ноҳияи Рӯдакиро Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Мбаке Диеудонӣ, голҳои “Истаравшан”-ро Отабек Каримов ва Азизҷон Шамсиев ба ҳадаф расониданд.

"Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бар тими “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Се холро ба дасти шаҳри Турсунзода ҳимоятгар Доробҷон Эргашев овард. “Душанбе-83” бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷояшро дар лигаи олӣ ҳифз намуд. Голи ягонаро бозингари “Локомотив-Помир” Исроил Холов ба дарвозаи дастааш зад", - омадааст дар иттилоия.

Нахустин шикасти чемпион

Кумита таъкид кард, ки ниҳоят “Истиқлол”, ки унвони чемпиониро аллакай гирифтааст, аввалин бохтро дар чемпионати мамлакат аз дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 чашид. Ягона голро Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 40-ум ба номаш сабт кардааст.

Ҳамин тариқ, то анҷоми 29-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар боқӣ монд.

Дар даври 15-ум, ки 29-30 сентябр баргузор мешавад, "Истаравшан" бо "Файзканд", "Регар-ТадАЗ" бо "Хуҷанд", "Куктош" бо "Истиқлол", "Хатлон" бо "Локомотив-Помир" ва КМВА бо "Душанбе-83" вомехӯранд.

Бозиҳои даври ҷамъбастӣ – 18-ум рӯзи 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давр "Файзканд" бо "Локомотив-Помир", "Душанбе-83" бо "Истиқлол", "Хуҷанд" бо КМВА, "Истаравшан" бо "Хатлон", "Регар-ТадАЗ" бо "Куктош" бозӣ хоҳанд кард

140
Барчаспҳо:
нуқра, чемпионат, Тоҷикистон

Рубл боз паст шуду доллару евро боло рафт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 00:37 29.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши рубл дар бозори асъори кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ буда, доллар ва евро гаронтар шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи нишондодҳои ҳафтаи равон қурби рубл нисбат ба сомонӣ қариб то чаҳор сомонӣ коҳиш ёфт.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши имрӯ 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1307сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3290 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0529  то 12.3000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1355 то 0,1375 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 133 то 137 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1320 то 0,1400 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон