Криштиану Роналду и Лионелем Месси, архивное фото

Эълони гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон: Мессиву Роналду ҳатто дар бистгона нестанд

529
(Таҷдидшуда 08:53 10.06.2020)
Пойгоҳи байналмилалии таҳқиқоти варзишии CIES Football Observatory дар сомонааш рӯйхати гаронарзиштарин футболбози сайёраро нашр кард

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи раддабандии ин пойгоҳ дар садри ҷадвал ҳамоно бозигари фаронсавӣ ва ҳамлавари тими “ПСЖ” Килиан Мбаппе нишастааст. Ӯ соли гузашта низ ин зинаро соҳиб гашта буд.

Бар пояи гузориш Килиан Мбаппе гаронарзиштарин футболибози сайёра унвон гашта 259,2 млн евро арзиш дорад.

Дар зинаи дувву Раҳим Стерлинг бозигари “Манчестер Сити”  (194,7 млн евро арзиш дорад) ва дар ҷойи сеюм бошад Ҷейдон Санчо футболбози тими “Боруссия» Дортмунд”  (179,1 млн евро арзиш дорад) нишастааст.

Ҳамчунин ба даҳгонаи гаронарзиштарин футболбозон Трент Александер-Арнолд (Ливерпул” – € 171,1 млн) , Маркус Рашфорд (“Манчестер Юнайтед” – € 152,3 млн) , Муҳаммад Салоҳ (“Ливерпул” – € 144,9 млн) , Садио Мане (“Ливерпул” – € 139,2 млн) , Антуан Гризманн (“Барселона” € 134,6 млн) ва Алфонсо Дэвис (“Бавария” – € 133,5 млн”) шомил шудаанд.

Ду ситораи футболи ҷаҳонӣ Лионел Месси ва  Криштиану Роналду ҳатто ба бистгонаи раддабандӣ шомил нашудаанд.

Таҳлилгарон Мессии аргентиниро ки  100,1 миллион евро арзиш дорад дар зинаи 22 ва Роналдои португалиро, ки  € 62,8 миллион евро арзиш дорад, дар ҷойи 70 қарор додаанд.

Соли гузашта дар ин раддабандӣ ин ду нобиғаи футбол дар зинаҳои 4 (Месси) ва 20 (Роналду) қарор доштанд.

Гуфта мешавад раддабандӣ  бо назардошти арзёбии арзиши бозингарон, синну сол, мавқеъ, бозӣ дар сатҳи даста ва сатҳи мунтахаби миллӣ, муваффақияти клубҳо ва тимҳои миллӣ, сатҳи чемпионат ва ҳатто шартҳои шартнома бо бошгоҳҳо таҳия мешавад.

529
Хаким Фузайлов. Архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" таъйин шуд

133
(Таҷдидшуда 10:31 13.07.2020)
Ҳаким Фузайлов, собиқ футбобози машҳур ва мураббии шинохтаи кишвар, сармураббии тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳ, Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон  то охири мавсим “Хуҷанд”-ро тамрин хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, Никол Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъйин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳои байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад.

Манбаъ мегӯяд, Ҳоло Лазаревич дар зодгоҳаш Сербия қарор дорад.

“Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар тим баамаломада, сари мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни кунунӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста сармураббии ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербистон аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабҳои, ба ҳама маълум, надорад. Мо бо Ҳаким Каюмович ба мувофиқа расидем, ки ӯ дастаро ба мусобиқаҳои дар пешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва мӯҳлати шартнома то охири сол эътибор дорад”-гуфт Муроҷон Умаров, директори иҷроияи Хуҷанд.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллииТоҷикистон, дасҳои “Истиқлол”, “Куктош” –ро тамрин дода ахиран  аввали моҳи июл ӯ вазифаи сармураббии бошгоҳт “Каганат”-и Қирғизистонро тарк кард.

133
Ребенок на тренировке, архивное фото

Ифтитоҳи 21 иншооти варзишӣ дар Суғд

31
(Таҷдидшуда 14:14 11.07.2020)
Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд гузориш дод, ки расман дар қаламрави вилоят то ҳол 2 ҳазору 655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми нимсолаи якуми соли 2020 дар вилоят 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

“Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр намудааст, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд.

“Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст”, - тавзеҳ дод ҳукумати Суғд.

Таъкид гардид, ки дар вилоят ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

31
Барчаспҳо:
Суғд, иншоот, варзиш, Тоҷикистон
Журналисты, архивное фото

Додситонии кул ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳад

0
(Таҷдидшуда 16:14 13.07.2020)
Рӯзи 14 июл чор ниҳоди давлатӣ дар доираи иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи фаъолияташон дар 6 моҳи гузашта иҷозат медиҳанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Додситонии кул, Кумитаи рушди маҳали назди Президент, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз ҷамъбасти фаъолияташон дар нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

 

"Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 11:00 дар Кумитаи мазкур ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух медиҳанд", - хабар дод Ховар.

Манбаъ афзуд, нишастҳои матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 09:00 ва  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуривии "Ховар" баргузор мешаванд.

Таъкид шудааст, ки бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Нишастҳои матбуотии роҳбарони идораҳои давлатӣ соле ду бор дар доираи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешаванд.

0
Барчаспҳо:
рӯзноманигорон, амри президент, нишасти хабарӣ, Тоҷикистон