Қуръакашӣ, акс аз бойгонӣ

Қуръакашӣ рақибон барои Ҷоми Тоҷикистон - 2020-ро муайян кард

116
(Таҷдидшуда 15:35 13.06.2020)
Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 – ро анҷом дода, ҷуфти рақибонро муайян намуд

ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 сурат гирифт, хабар дод сомонаи телевизиони Варзиш.

“Дар рафти  нишаст  дастаҳо дар бораи шакли баргузории мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон -2020 андешаронӣ карда ба хулосае омаданд, ки  бозиҳои ҳар даври  мусобиқот аз як вохӯрӣ иборат мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки аз миёни 12 дастаи иштирокчии марҳилаи муқаддамотӣ шаш бошгоҳ ба даври ниҳоӣ роҳхат пайдо мекунанд.

Дар пайи қуръакашӣ ҷуфтҳои марҳилаи муқаддамотӣ, Ҳосилот (Фархор) - Моҳир (Ёвон), Саройкамар (Панҷ) – Панҷшер (Ҷ.Балхӣ), Равшан (Кулоб) - Ҳулбук (Восеъ), Равшан (Зафаробод) – Шоҳмансур (Душанбе), Исфара (Исфара) –Эсхата (Хуҷанд), Ваҳдат (Ваҳдат) – Барқчӣ (Ҳисор) муайян карда шуданд.

Манбаъ илова намуд, ки Санаи баргузории вохӯриҳо дертар аз ҷониби ЛФТ нашр карда мешавад.

116
Открытие спортивного клуба «Парвиз Собиров» в Фирдавсинском районе Душанбе

Ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров дар Душанбе клуби варзишӣ сохт: Раҳмон онро ифтитоҳ кард

504
(Таҷдидшуда 17:54 29.09.2020)
Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ноҳияи Фирдавсии Клуби варзишии “Парвиз Собиров”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, муассиси клуби варзишӣ ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 милиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, иншооти варзишӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 468 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 15 нафар соҳиби ҷойи кори доими гардидаанд.

“Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст”,-афзудааст манбаъ..

“Дар ошёнаи якум толори машқи бадан дорои 45 намуд тренажёр барои 55 намуди варзиши чор гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, утоқи кории роҳбари маҷмаа, ҳуҷраи кории мураббиён, ҷойи ивазкунии сару либос, ҳаммом ва ҳоҷатхона дар ошёнаи дуюм толори машқу тамрини гуштини тарзи дзюдо барои 4 гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, дар маҷмуъ барои 100 нафар сохта шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар таҳхонаи бино ояндаи наздик дар нақша аст, ки барои занону бонувон толори машқи бадан бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шавад. Таҷҳизоти зарурии машқу тамрин харидорӣ шудааст.

 

504
Барчаспҳо:
варзишгар, паҳлавон, Душанбе, Тоҷикистон
Борьба гуштингири, архивное фото

Тасдиқи ҷадвали нави мусобиқоти куштӣ дар соли 2021

72
(Таҷдидшуда 14:10 28.09.2020)
Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ – “UWW” тақвими чорабиниҳояшро барои соли 2021 бо сабаби пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои он бозбинӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чемпионатҳои қоравӣ аввали сол, қабл аз мусобиқаҳои интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба нақша гирифта шуданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла, Чемпионати Осиё миёни калонсолон 16-21 феврали соли 2021 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад.

“Рӯзи 26-28 марти 2021 бошад, дар шаҳри Сияни Чин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии Токио дар қораи Осиё ба нақша гирифта шудааст. Сипас, аз 29 апрел то 2 май шаҳри Софияи Булғористон мизбони мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ хоҳад буд”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ба охири моҳи июл гузаронида шуд, то ба Бозиҳои олимпӣ халал нарасонад. Зикр гардид, ки фарқ миёни чемпионати ҷаҳон ва чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон набояд камтар аз як моҳ бошад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба далели ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпии наврасон-2022 чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон дар соли 2022 аз нав охири моҳи июн баргузор хоҳанд шуд.

72
Барчаспҳо:
мусобиқа, сабқати кушоди куштӣ, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Ваксина ва дастгирии иқтисодӣ: Путин ва Жээнбеков аз чӣ гуфтанд - видео

0
Президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочи бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот кард

Дар рафти ин вохӯрӣ раҳбари Русия Владимир Путин ва кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков масоили рушди шарокати стратегиро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла Жээнбеков аз Путин барои дастгирии кишвар изҳори сипос намуд.

"Қирғизистон доим китфи тавонои Русияро чун дӯсти воқеъӣ ва шарики наздик эҳсос мекунад. Дар ин давраи душвор. Ба шарофати шумо мо тавонистем вазъияти ҳамагириро дар кишвар муътадил гардонем ва ба шарофати шумо ба шаҳрвандони мо дар Русия кумак расонида шуд", - гуфт сиёсатмадори қирғиз.

Ҳамчунин Жээнбеков Путинро бо сабти нахустин ваксини коронавирус дар ҷаҳон муборакбод гуфт. Президент изҳори умед кард, ки шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд ваксинаи нави "Спутник V" - ро яке аз аввалинҳо шуда дарёфт кунанд.

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

Дар навбаи худ, Владимир Путин нақшаи Русияро барои рушди муносиботи дуҷониба бо Қирғизистон ва дастгирии иқтисодии кишвар, тасдиқ кард.

0
Барчаспҳо:
хулосаҳо, вохӯрӣ, дидор, Сооронбой Жээнбеков, Владимир Путин