Молоток судьи в суде, архивное фото

Аз зӯрӣ ба довар то рафтори ғайриахлоқӣ: ҷазои 8 бозигар ва як директори бошгоҳ аз сӯи ФФТ

263
(Таҷдидшуда 19:12 15.06.2020)
Кумитаи одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири хеш 8 бозигари бошгоҳҳо ва директори тими “Душанбе-83”- ро  муҷозот кардааст

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон ин нафарон барои риоя накардани қоидаҳои бозӣ муҷозот шудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, директори дастаи “Душанбе-83” Чарлз Накути - барои нақзи моддаи 6 банди 1 Кодекси интизомии ФФТаз ҳаққи ширкат дар ду бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда  дар бозии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии “Душанбе-83” ва- CСKA рафтори ғайриахлоқӣ ва ғайримасъулона нишон додааст.

Кумитаи одоби  ФФТ миёни бозигарон аз ҳама бештар футболбозони тими “Истаравшан”-ро муҷозот кардааст.

Бо қарори Кумитаи одоби  ФФТ бозигаррони тими “Истаравшан” Ҳоҷибой Зиёев барои ду корти зард аз як бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима, Ҳусейн Азизов, барои зарар расонидан ба ҳариф аз як бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима ва Акбарҷон Бердиқулов барои зурии ҷисмонӣ ба довар аз панҷ бозӣ маҳрум шудааст.

Ҳамзамон бо қарори ин кумита бозигари “Хатлон” барои қоидавайронкунии ҷиддӣ аз се бозӣ маҳрум,  футболбози “Локомотив-Помир” Маҳмуд Пиров барои ду корти зард аз як бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима шудаанд.

На пеш на қафо: мавқеи Тоҷикистон да раддабандии нави ФИФА дақиқ шуд

Кумитаи одоби ФФТ ҳамзамон барои рафтори хашмгинона замони рақобатҳо бозигарони дастаҳои “Душанбе-83” Исмоилҷон Алимардонов ва бозигари “ССКА” Комрони Мирзохонро аз ду бози маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима кардааст.

263
Таджикские мастера готовят подарок к зимней Олимпиаде в Пекине

Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин

159
Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои бомаҳорати тоҷик мебошанд, ки шӯҳрати наққошкориҳои онҳо берун аз Тоҷикистон ҳам паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои машҳури тоҷик мебошанд, ки амалҳои ҷолиби наққошии онҳо иншоотҳои фарҳангӣ ва маконҳои дӯстдоштании кишварро оро медиҳанд. Ифтихори котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай – толори рамзи қароргоҳи СҲШ – тариқи ҳамин ҳунар оро ёфтааст. 

Ҳамчунин, ороиши павилони СҲШ дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии санъати боғдорӣ соли 2019 дар Пекин ба Ҷамшед ва Насим супорида шуда буд. Павилони СҲШ миёни меҳмонони намоишгоҳ машҳур шуд, хусусан ҳунари рассомон баҳои баланд гирифт.

Арчаи миллӣ бо розигии Президент: дастур барои насб пеши идораю хонаҳо - аксҳо

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки устоҳои тоҷик омодагиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд, шуруъ карданд. Тилисми ин чорабинии бузурги варзишӣ – панда бо номи Бин-Дундун интихоб шудааст.

Зимнан, рассомони тоҷик тасмим гирифтаанд якчанд лавҳаро бо наққошии панда – ҳайвони дӯстдори миллионҳо нафар дар ҷаҳон – омода кунанд.

Дар доираи Бозиҳои олимпӣ, онҳо инчунин умед доранд, ки намоишгоҳ ташкил мекунанд ва ҳунарашонро ба пекиниҳо ва меҳмонони пойтахти Чин ошно менамоянд.

159
Барчаспҳо:
тоҷик, усто, туҳфа, Бозиҳои олимпӣ
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

224
(Таҷдидшуда 11:15 04.08.2020)
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом “Локомотив” (Пловдив) қаҳрамони Булғористон “Лудогоертс”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба иттилои манбаъ, умарбоев дар ҳайати “Локомотив” 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Гуфта мешавад, ин сеюмин дастовардест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив соҳиб шудааст.

Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

224
Военные РФ в Сирии, архивное фото

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

0
(Таҷдидшуда 19:33 07.08.2020)
Агар Русия намебуд, Башор Асад дар ин ҷанг пирӯз намешуд. Амрикоиҳо иқрор шуданд, ки бо дахолати Маскав, Эрон ва "Ҳизбуллоҳ" ба артиши Сурия даст дод, ки қисмати бештари кишварро аз дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бозпас гиранд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik, Андрей Котc. Хадамоти пажӯҳишии конгресс дар гузориши 49-варақаи худ таҳти унвони "Низоъи мусаллаҳона дар Сурия ва вокуниши ИМА" ба хулоса омадааст, ки агар Русия намебуд, Башор Асад дар ин ҷанг пирӯз намешуд.

Таҳлилгарони низомӣ чӣ мегӯянд ва чӣ пешбинӣ мекунанд - ҷавоби суолро аз ин мавод дарёфт хоҳед кард.

Тақсимоти қувва

Дар ин гузориш харитаи Сурия нишон дода шудааст. Қисмати марказӣ, шарқӣ ва ҷанубии кишварро ҳукумати Башор Асад бар истиснои минтақае дар марз бо Иордания - Ат-Танф, ки он ҷо пойгоҳи низомии ИМА қарор дорад, назорат мекунад. Идлиб дар қисмати шарқу ғарби кишвар таҳти идораи гурӯҳҳои эстремистӣ ва Туркия қарор дорад. Минтақае дар шимолу шарқи Ифрот - тақрибан се дарсади Сурия дар дасти курдҳо ҳаст.

Ин ҷо таҳлилгарон каме дурӯғ мегӯянд, чун далелан ин манотиқро Вашингтон назорат мекунад. Тибқи гузориш амрикоиҳо инҷо онқадар бисёр нестанд - наздики 600 найза. Вале онҳо манотиқи асосии нафтдори кишварро аз худ кардаанд. Дар баробари ин дар шимоли Сурия садҳо низомиёни созмонҳои хусусӣ фаъол ҳастанд. Дар ин ҳуҷҷат омада, ки ҳукумати расмии ин давлат ҳузури Амрикоро дар хокаш ғайриқонунӣ мешуморад.

Вале дар Вашингтон мегӯянд, манбаъҳои истихроҷи нафтро бояд аз террористон муҳофизат кард.

Муаллифони гузориш пинҳон намедоранд, ки гоҳ-гоҳ бо низомиёни Асад ҷанҷол мешавад. Ҳамин тавр онҳо мегӯянд, моҳи феврал низомиён дар минтақаи Камишли Қувваҳои мусаллаҳи ИМА-ро тир заданд. Касе осеб надид. Дар баробари ин мухолифати миёни низомиёни Русия ва Амрико низ дар шимолу-шарқи кишвар бештар шудааст.

Дар интернет аллакай наворҳои зиёде нашр шудааст, ки дар он мошинҳои ИМА роҳи худравҳои пулиси Русияро банд мекунад. Хушбахтона то ҳол ба тирпарронӣ нарасидааст.

Русия намеравад

Дар умум амрикоиҳо иқрор шудаанд, ки ҳуҷуми ҳавоии исроилиҳо ба обектҳои Эрон ва таҳримҳои зидди Русия, нагузошт, ки Маскав ва Теҳрон аз дастгирии Башор Асад даст кашанд.

"ИМА хоҳиш ва имконоти Русияро барои густариши таъсири худ дар Ховари Миёна нодида гирифтанд, - навиштаанд таҳлилгарон. Дар баробари ин бояд дарк кард, ки Маскав то чӣ андоза барои дастгирии шарики худ омада аст".

Муттаасифона муаллифони гузориш мегӯянд, ҳоло зарба задан ба Дамаск душвортар шудааст. Хатти фронро аз пойтахти Сурия дар навбати аввал бо кӯмаки қувваҳои ҳавоии Русия ба ақиб партофтанд ва қисмати бузурги кишвар таҳти назорати низоми Асад шуд. Душманони сиёсии Башор Асад қариб ки бе ҳеҷ чиз монданд. Дар баробари ин курдҳо бо Димишқ наздиктар мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки минтақаи марказӣ ва шимолу шарқӣ зери назорати Димишқ бар хоҳад гашт.

Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамоно хатар дорад

Моҳи декабри соли 2018 Доналд Трамп дар бораи пирӯзӣ бар Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) эълом кард. Вале таҳлилгарон бар онанд, ки гурӯҳҳои мухолифин то ҳол нобуд нашудаанд. Шарикони ИМА нуқтаҳои қавии Давлати Исломиро дар Сурия соли 2019 аз худ карданд. Вале исломгароён низоми идоракуниро чӣ дар Сурия ва чӣ дар Ироқ нигоҳ доштанд. Яъне то ҳол қодиранд ҳамла кунанд.

"Дар дурнамо тақдири Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз имконоти мо барои созмони иттиҳодияҳои амниятӣ вобаст аст, ки нагузорад гурӯӯҳо боз қувваи худро такмил диҳад, - қайд мекунанд таҳлилгарон. Вале таҳдиди Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дурудароз аст. Мо дар оянда низ бояд курдҳоро дастгирӣ кунем, то онҳо бо тероризм мубориза баранд".

Таҳдиди дигар урдугоҳи маҳбусони низомӣ мебошад, ки феълан он ҷо наздики 10 ҳазор ҷанҷӯёни ДИ қарор доранд. Онҳо асосан дар шимоли кишвар ҷойгиранд ва аз ҷониби низомиёни курдӣ идора мешаванд. Дар баробари ин боз як урдӯгоҳи дигар барои аъзои хонаводаи эктремистҳо вуҷуд дорад. Дар бузургтарин урдугоҳ -Ал-Хол наздики 66 ҳазор занон ва кӯдакони террористон ба сар мебаранд. Ба гуфти таҳлилгарон ҷангҷӯён дар миёни ин қишр тағрибот мегузаронанд, то маҳбусонро дастгирӣ кунанд, вале ДИ қасди ҳуҷумро дорад, то тарафдоронашонро озод кунад.

Раҳбарияти курдҳо чандин бор дар бораи нарсидани қувва барои нигоҳдории маҳбусон изҳор дошт. Амрикоиҳо барои кумак шитоб надоранд - Вашингтон бар ин аст, ки давлатҳо шаҳрвандони худро барои идомаи ҷазо ба кишварҳои худ интиқол диҳанд. Вале касе намехоҳад "террорист" - ҳои худро бозгардонад ва барои анҷом надодани ин кор баҳонаҷӯӣ мекунад. 

Вилояти мушкилзо

Гармтарин нуқта ин вилояти Идлиб мебошад. Феълан он ҷо Сурия, Русия, Эрон ва Туркия фаъол ҳастанд. Қувваҳои ИМА он ҷо нест, вале амрикоиҳо чандин бор ба низомиёне, ки бо "Ал-Қоида"  ҳамроҳӣ доранд ҳуҷум кардаанд.

Ноҳияҳои шимолии Идлиб - ягона минтақаест, ки таҳти назорати қувваҳои мухолифин мебошад, - қайд мекунанд таҳлилгарон. Гурӯҳҳои маҳаллӣ - он дастаҳое, ки соли 2011 бар зидди Димишқ бархоста буд. Аз 5 март дар Идлиб сулҳе, ки президентҳои Русия ва Туркия карданд, ҳукмфармост. Низомиёни ин ду кишвар ҳамроҳ масири стратегии М4-ро идора мекунанд.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки ба тирпарронии ҷангҷӯён нигоҳ накарда, ҳоло дар ин макон сулҳро нигоҳ дошта мешавад. Вале Туркия то ҳол интиқоли қувваҳои низомияшро ба ин макон хотима надодааст ва чанде пеш аз оғози амалиёти ҷангӣ эълон кард. Ин маънои онро дорад, ки ҷанг дар Сурия ҳоло хотима наёфтааст.

0
Барчаспҳо:
террорист, Давлати Исломӣ, ИМА, Русия, Сурия