Боковой судья, архивное фото

Ҷарима ва маҳрумсозиҳо аз бозӣ: натиҷаи нишасти Кумитаи интизомии ФФТ

92
Кумитаи интизомии ФФТ 4 бозигар ва як бошгоҳро барои риоя накардани қоидаҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар ҷарима ва аз якбозигӣ маҳрум кардааст

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ФФТ ҷаласаи ахири Кумитаи интизомӣ дидорҳои охири қаҳрамонии футболи кишварро баррасӣ кард.

Ҳамин тавр, бозигари дастаи “Хатлон” Муҳаммад Наско 300 сомонӣ ҷарима карда шуд ва дар бозии навбатӣ иштирок намекунад, зеро дар бозии охирин ду корти зард гирифтааст.

Бозингари дастаи “ҷавонони” ҳамон бошгоҳ Муҳаммади Шарипов барои корти зард низ дар бозии баъдӣ ширкат намекунад.

Бозигари “Локомотив-Помир” Рузимуҳаммад Абдураҳмонов низ барои ду корти зард муҷозот шуда, аз бозии баъдӣ маҳрум шуд.

Воҳидҷон Кудусов, бозигари тими ҷавонони “Регар-ТадАЗ” ҳам дар бозии охир ду корти зард гирифта, дар бозии навбатӣ ширкат нахоҳад кард.

Барои риоя накардани шарту талаботи қоидаҳои мусобиқа, ки ба варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи асосӣ пешниҳод шудааст, клуби “Душанбе-83” 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

92
Хаким Фузайлов. Архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" таъйин шуд

130
(Таҷдидшуда 10:31 13.07.2020)
Ҳаким Фузайлов, собиқ футбобози машҳур ва мураббии шинохтаи кишвар, сармураббии тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳ, Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон  то охири мавсим “Хуҷанд”-ро тамрин хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, Никол Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъйин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳои байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад.

Манбаъ мегӯяд, Ҳоло Лазаревич дар зодгоҳаш Сербия қарор дорад.

“Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар тим баамаломада, сари мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни кунунӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста сармураббии ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербистон аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабҳои, ба ҳама маълум, надорад. Мо бо Ҳаким Каюмович ба мувофиқа расидем, ки ӯ дастаро ба мусобиқаҳои дар пешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва мӯҳлати шартнома то охири сол эътибор дорад”-гуфт Муроҷон Умаров, директори иҷроияи Хуҷанд.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллииТоҷикистон, дасҳои “Истиқлол”, “Куктош” –ро тамрин дода ахиран  аввали моҳи июл ӯ вазифаи сармураббии бошгоҳт “Каганат”-и Қирғизистонро тарк кард.

130
Ребенок на тренировке, архивное фото

Ифтитоҳи 21 иншооти варзишӣ дар Суғд

31
(Таҷдидшуда 14:14 11.07.2020)
Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд гузориш дод, ки расман дар қаламрави вилоят то ҳол 2 ҳазору 655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми нимсолаи якуми соли 2020 дар вилоят 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

“Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр намудааст, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд.

“Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст”, - тавзеҳ дод ҳукумати Суғд.

Таъкид гардид, ки дар вилоят ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

31
Барчаспҳо:
Суғд, иншоот, варзиш, Тоҷикистон
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

81
(Таҷдидшуда 15:56 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

81
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон