Юношеская сборная Таджикистана (U-17) в равной борьбе уступила сборной Аргентине

Тими милии футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона ба шаҳри Тошканд меравад

77
(Таҷдидшуда 17:00 08.07.2020)
Футболбозони тими милии футболи Тоҷикистон санаи 4 сентябр дар шаҳри Тошканд бо тими милии футболи Ӯзбекистон рақобат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон барои баргузор намудани бозии дӯстона байни ин ду кишвар ба мувофиқа расиданд, иттилоъ додааст сомонаи расмии ФФТ.

Бино бар иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни ду тими миллӣ санаи 4 сентябр соли равон дар  шаҳри Тошканд баргузор мешавад. 

Инчунин манбаъ зикр кардааст, ки бозии дӯстона байни дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор буд 31  март баргузор мешуд, вале бинобар сабаби паҳншавии бемории   коронавирус вақти баргузории ин дидор мавқуф гузошта шуда буд.

Бояд қайд, кард дастаҳои  мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то ин замон  миёни якдигар 8 вохӯрӣ баргуор карда буданд. Маротибаи охир дастаҳо 15 ноябри соли 2011 дар  шаҳри Тошканд бозӣ карда буданд.

77
Барчаспҳо:
рақобат, Ӯзбекистон, Тошканд, Футбол, Тоҷикистон
Рустам Эмомали на день физкультурника подарил спортсменам Хорога спортивную форму

Либосҳои варзишӣ ва тӯбу кимоно: тӯҳфаи Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони Хоруғ

58
(Таҷдидшуда 16:06 14.08.2020)
Рустами Эмомалӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе (ФФТ) ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосу лавозимоти варзишӣ тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон туҳфаҳои Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон супорида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, туҳфаҳои президенти ФФТ аз қабили либосҳои варзишӣ, тӯбҳои гуногун ва кимоно ба мактабҳои варзишӣ оид ба футболу волейбол, баскетболу бокс ва дзюдои маркази маъмурии ВМКБ супорида шуд.

Сураҷ Чоршанбиев, мудири бахши ҷавонон ва варзиши дастгоҳи ҳукумати ВМКБ аз номи варзишгарони Хоруғ ба Рустами Эмомалӣ барои дастгирии варзишгарону мураббиёни вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардааст, ки фароҳам овардани имконоти нав барои рушди варзиш афзалияти кори ҳукумати маҳаллӣ мебошад.

Номбурда гуфтааст, ба туфайли дастгирии ФФТ дар Бадахшон якчанд майдони футбол бо рӯйпӯши сунъӣ сохта шуда, инчунин навъҳои дигари варзиш - волейболу футбол, боксу гӯштингирӣ ва ғайра дар ҳоли рушд аст.

58
Барчаспҳо:
ВМКБ, Рустами Эмомалӣ, ФФТ, Тоҷикистон
Волейбол, архивное фото

Дар Тоҷикистон Лигаи ҳандбол таъсис дода шуд

63
(Таҷдидшуда 18:36 13.08.2020)
Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши мамлакат Лигаи ҳандбол таъсис дод, хабар медиҳад, дафтари матбуотии  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бозиҳои Лигаи ҳандболи Тоҷикистон миёни ҷавонон доир мегарданд ва дар он дастаҳои "Душанбе", "Марко Поло", "Сарез", "Скиф", "Сокол", "Ҳисор" ва ғайра иштирок мекунанд.

 Бозиҳои мазкур дар ду марҳила баргузор мегарданд ва дастаи  холи бештар гирифта, ғолиб мешавад. Марҳилаи аввали Лигаи ҳандболи Тоҷикистон аз 17 то 28 август доир мешавад.

"29-31 август Федератсияи ҳандболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн курси омӯзишӣ мегузаронад. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали Лигаи ҳандболро ҳакамӣ мекунанд, имкон доранд дар курси омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намоянд. Сипас, доварон донишу таҷрибаи андӯхтаашонро дар марҳилаи дуюм амалӣ мекунанд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд.

 

 

 

 

 

63
Школьники в масках

Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

0
(Таҷдидшуда 20:59 14.08.2020)
Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, беморӣ, талабагон, Тоҷикистон