Ҳамлавару ниммуҳофизатгар: бошгоҳи “Хуҷанд” аз харидории ду бозингари нав хабар дод

Обуна шудан
Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд барои қавӣ кардани ҳайташ ду бозигари нав,  ҳамлавару ниммуҳофиз харидорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik.  Сомонаи расмии бошгоҳи “Хуҷанд” аз гузариши Тоҳир Малодустов ҳамлавари ҷавон расман хабар дод.

Хаким Фузайлов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" таъйин шуд

Ба иттилои манбаъ, Тоҳир Малодустов дастпарвари бошгоҳи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ буда,  соли 2015 дар дастаи “Помир”-и Душанбе ба футболи ҳирфаӣ оғоз кардааст.

Номбурда соли 2017 дар ҳайати бошгоҳи “Барқчӣ” ҳунарнамоӣ намуда, ҳамон сол унвони беҳтарин нишонзанро байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон ба даст овардааст.

Инчуни соли 2019 дар ҳайати “Барқчӣ” бо 22 голаш беҳтарин нишонзани Лигаи якуми кишвар гардида буд.

Тоҳир Малодустов то гузаштан ба “Хуҷанд” дар тими “Каганат”-и Қирғизистон бозӣ мекард.

Дастаи “Хуҷанд” ҳамчунин аз бозгашти собиқ ниммуҳофизи 28 солааш Эҳсон Бобоев хабар дод.

Баҳси бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" ва муроҷиат ба Рустам: доварон обрӯи футболро мерезонанд

Ба иттилои манбаъ, Бобоев аз соли 2017 то соли 2018 дар тими “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ карда, дар ҳайати даста Ҷоми Тоҷикистон ва нишони нуқраи чемпионати кишварро соҳиб гардидааст. Номбурда дар “Хуҷанд” 31 вохӯрӣ доир намуда, ба задани 2 гол даст ёфтааст.

Дар марҳилаи аввали чемпионат Эҳсон Бобоев дар бошгоҳи “Хатлон” бозӣ карда, 9 бозӣ доир карда, ба задани 2 гол ва 1 паси натиҷаовар даст ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0