Журналист держит плакат с олимпийскими кольцами

КБО: розием, ки олимпиада тибқи талаботи замони буҳронӣ барномарезӣ шавад

45
(Таҷдидшуда 12:55 19.07.2020)
Кумитаи тадорукоти Токио-2020 дар Анҷумани 136-уми Кумитаи байналмилмилалии олимпӣ эълон кард, ҳамаи иншоот барои баргузории бозиҳои олимпӣ барои соли оянда ҳифз шуданд ва нақшаи баргузории мусобиқот тасдиқ гардид

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Оғози бозиҳои олимпии батаъхирафтодаи Токио-2020 санаи 23 июли соли 2021 дар назар аст, хабар дод сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Манбаъ аз қавли президенти КБО Томас Бах, афзуд ки то бозиҳои олимпӣ як сол боқӣ мондааст ва дар пеш моро вазифаи бузург интизор аст.

“Шаҳраки олимпӣ - дили Бозиҳои олимпӣ, ҷои баргузории мусобиқот – рӯҳ аст. Ман хушҳолам, ки шаҳрак ва иншоот барои соли оянда ҳифз карда шуданд. Варзишгарон аз тамоми ҷаҳон дар шаҳраки олимпӣ зери як сақф зиста, якҷо хӯрок мехӯранд, якҷо ҷашн мегиранд, муҳокима мекунанд ва ҷомеи беназири олимпиро ташаккул медиҳанд. Токио-2020 барои расидан ба ин ҳадаф кӯшиш кард ва нақшаи мусобиқотро, нигоҳ накарда ба вазъияти фавқулодда, тасдиқ намуд, ки шаҳодати фаъолияти босамари кумитаи муттаҳидаи идоракунанда бо роҳбарии Ҷон Коутс ва Йоширо Морӣ мебошад”, - иброз намуд Томас Бах.

Ӯ афзудааст, ки ҳамроҳ бо шарикони ҷопонӣ ва дигар дӯстон мо розием, ки банақшагирии Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи талаботи буҳрони ҷаҳонӣ сурат гирад ва дар баробари ин рӯҳ ва идеяҳои ҷолиб, ки мақсади моро ифода мекунад, ҳифз карда шавад.

“Мо сари амалиёт ва хизматрасониҳое, ки ба варзиш ва варзишгарон зарар нарасонанд, кор карда истодаем. Бо ин тартиб, мо метавонем ҳамроҳ бо Кумитаи тадорукот бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020-ро ба ҷашни ягонагӣ, ҳамбастагии инсонҳо ва рамзи эътимод ва умед ба ояндаи нек табдил диҳем. Нишон диҳем, ки мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем”, - таъкид намудаст президенти КБО.

Йоширо Мори, масъули Кумитаи тадорукот изҳор доштааст, ки дар оянда низ тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, то Бозиҳои олимпии Токио пас аз буҳрони бемории COVID-19 рамзи иттиҳод ва ҳамбастагӣ бошад.

45
Барчаспҳо:
Олимпиада, Ҷопон, Тоҷикистон
Команда кулябский «Равшан»

Баъди 26 соли интизорӣ: "Равшан" ба давраи ниҳоӣ баромад

116
(Таҷдидшуда 18:27 22.09.2020)
Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ, 23 сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Дастаи мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Баъди 26 соли интизорӣ дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, чанд лаҳза пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020  байни  дастаҳои  футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  доир гашт.

"Дар сабқат "Равшан" дастаи  футболи "Регар-ТадАЗ"-и  шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб  намуда, баъди  26 соли интизорӣ   ба финали  Ҷоми Тоҷикистон-2020  роҳ  ёфт", - менависад манбаъ.

Голи ягонаро аз ҳайати дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонид. 

Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  пагоҳ,  23  сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Дастаи  мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо  дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки  бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10  октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе  баргузор  мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.

116
Матч молодежки Таджикистана против Узбекистана

Футболбозони тоҷик тими Ӯзбекистонро шикаст доданд

184
24 сентябр дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд бозии дуюми ин дастаҳо баргузор мешавад

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Футболбозони тоҷик тими Ӯзбекистонро шикаст доданд, гузориш медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шШоми дирӯз  дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и   шаҳри Хуҷанд  бозии аввали дӯстонаи дастаи  мунтахаби наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон бо  дастаи мунтахаби  наврасони то 16-солаи  Ӯзбекистон  баргузор  гардид.

"Дар ин вохӯрии ҷолиб футболбозони навраси  тоҷик   бо  ҳисоби 1:0 дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистонро мағлуб намуд. 24 сентябр дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти   Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд  бозии дуюми ин дастаҳо баргузор мешавад", - афзудааст манбаъ. 

Футболбозони навраси  тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев   бо дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон  ду дидори дӯстона доир менамоянд.

Бозии якуми рафиқона 21 сентябр   бар нафъи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон анҷом ёфт.   Аз ин пеш  дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол   бо дастаи  мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон ду  бозии  рафиқона доир намуда буд. Вохӯрии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби  4:1  бар нафъи дастаи мунтахаби   ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ҷоми футболи Тоҷикистон: "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд

Дар ин бозӣ голҳоро дар ҳайати дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулмуъмин Забиров, Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар аввалин бозии рафиқона, ки 3 сентябр доир гардида буд, дастаи мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон  бо ҳисоби 1:0  бар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯз гардид.

184

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

0
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия