Боковой арбитр на футбольном поле

Ҷазои доварону нозири бозии "Саройкамар" - "Панҷшер" аз суи ФФТ

116
(Таҷдидшуда 16:07 25.07.2020)
Раёсати доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тамоми ҳайати доварон ва нозирони бозии даври интихобии Ҷоми Тоҷикистон миёни “Саройкамар” ва “Панҷшер” -ро барои чанд давр аз ҳакамӣ боздорад.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон  қаблан тими “Саройкамар”-ро барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар вохурии пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон ҷазо додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, масъулони тими “Саройкамар”  дар рақобат бо “Панҷшер” ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кардаанд.
Шуъбаи доварони ФФТ инчунин барои ҳайати расмии бозӣ низ муҷозоти интизомӣ татбиқ карданд. Довари асосии вохӯрӣ Сайвалӣ Турдиев, ёварони Ҳамза Шоймардонов ва Маҳмадраҷаб Каримов ва инчунин ҳаками эҳтиётӣ Наврӯз Воҳидов аз иштирок дар ду даври вохуриҳои Лигаи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуданд.
Ғайр аз он, нозири бозии "Саройкамар" - "Панҷшер" Абдулло Олимов барои ширкат дар чаҳор даври ин мусобиқот маҳрум шуд.

Бозии мазкур 7 июл доир гашта бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Саройкамар”   хотима ёфта буд.

Тибқи қарори ниҳоии Кумитаи одоби ФФТ тими “Саройкамар”  ба таври техникӣ мағлуб ҳисобида шуда, натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи “Панҷшер” ҳал шуд.

Ҷарима ва маҳрумсозиҳо аз бозӣ: натиҷаи нишасти Кумитаи интизомии ФФТ

Илова бар ин, Кумитаи интизомии ФФТ аз шӯъбаи доварони Федератсия дархост кард, ки нисбати намояндагони расмии бозӣ - дастаи ҳакамон ва нозирони ин вохӯрӣ барои хунукназарӣ нисбат ба кор  ҷазои сахтро татбиқ кунанд.

116
Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото

Набарди ҷавобии Макгрегор ва Поре: мусобиқоти UFC 257 дар АМА. Пахши мустақим

109
(Таҷдидшуда 08:04 24.01.2021)
Кадоме аз размикорони кунунӣ дар вазни суб - Конор Макгрегор ё Дастин Пуэре пирӯз хоҳад шуд, ба зудӣ маълум мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб аввалин мусобиқаро имсол дар “Ҷазираи муҳорибаҳо” дар наздикии Абу-Даби баргузор мекунад.

Диққати аксари тамошобинон ба бозии ҷавобии Конор Макгрегор ва Дастин Паре нигаронида шудааст.

Ҳарду варзишгар 32 сол доранд. Ҳарду паҳлавон тақрибан як вазн нишон доданд: Поре 70,7 кило ва Конор бошад 70,3 кило.

Интизор меравад, ки сабқати асосии UFC 257 байни МакГрегор ва Поре тақрибан аз соати 8:00 то 8:30 субҳи 24 январ ба вақти Маскав оғоз шавад.

Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.
Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.

Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.

 

109
Барчаспҳо:
рақиб, рақобат, АМА, муҳориба, Макгрегор
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

163
(Таҷдидшуда 01:56 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, Асроров ахири соли гузашта варзишкори украинӣ Данило Савченко ва қабл аз он Ержан Залилов, муштзани қазоқ, бо лақаби “Ракета”-ро шикаст дод.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

163