Шикасти тими мунтахаби Тоҷикистон аз яккачини ҷавонони кишвар

151
Тими мунтахаби футболи ҷавонони зери 19 солаи кишвар дар як бозии санҷишӣ дастаи яккачини кишварро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ дастаи  футболи мунтахаби Тоҷикистон аз мунтахаби ҷавонони кишвар бо ҳисоби 2:0 шикаст хӯрд.

Ба иттилои манбаъ, бозии санҷишӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

 Ду голи беҷавоби мунтахаби ҷавонони кишварро ба дарвозаи яккачини кишвар  Амадонӣ Камолов ва Сунатулло Исмоилов заданд.

Ёдовар мешавем, бозии санҷишӣ миёни мунтахабҳои кишвар барои омодагӣ ба рақобатҳои байналмилалии тимҳо сурат гирифт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошад бозиҳои марҳилаи дуюми интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022-ро идома медиҳад.

151
ФК Истиклол

"Истиқлол" бори нуҳум барандаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд

23
(Таҷдидшуда 12:34 21.09.2020)
Тими “Истиқлол” -и Душанбе бо гирифтани беш аз ҳама холҳо дар ҷадвали мусобиқа маротибаи нуҳум ғолиби Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон - 2020 гардид

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе се давр пеш аз хотимаи  мусобиқот ба таври расмӣ унвони қаҳрамониро дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон  ба даст овард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки то охири ҳамаи бозиҳои чемпионат “Истиқлол” аллакай аз дастаи “Хуҷанд”, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 29 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад, аллакай 12 холи зиёлатӣ дорад.

Дар маҷмӯъ, “Истиқлол” 41 имтиёз доранд ва “Бохтар” -и Хатлон бо 24 имтиёз шомили сегонаи Чемпионати Тоҷикистон шудааст.

Дар даври 16-уми Лигаи олӣ тими “Истиқлол” дар сафар бо тими “Хатлон” бозиро бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима дод.

Голҳои дастаҳоро Рустам Соиров аз “Хатлон” ва Кароматулло Саидов аз “Истиқлол” ба ҳадаф расониданд.

Алексей Ларин аз дастаи “Истиқлол” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 медали тиллои Лигаи олии кишварро соҳиб шуда буд.

Муҷозоти сармураббии "Истиқлол" барои ишораи таҳқиромез дар бозӣ бо "Истаравшан"

ФФТ мегӯяд, бо вуҷуди пирӯзии "барвақт", бозиҳои даври ҳабдаҳуми навбатии Лигаи олии Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27 сентябр баргузор мешаванд.

23
Барчаспҳо:
қаҳрамон, Футбол, тими "Истиқлол", Тоҷикистон
Мусобиқа, акс аз бойгонӣ

Пирӯзии “Гурги куҳӣ” аз Тоҷикистон дар Дубай бар Нуриддин Самир-видео

867
(Таҷдидшуда 10:43 21.09.2020)
Сиёвуш Гулмамадов, бо лақаби “Гурги куҳӣ” аз Тоҷикистон дар вазни 64 кило дар Дубай ҳарифаш аз Марокашро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Гулмамадов, размикори 33-сола аз Тоҷикистон, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҳунарнамоӣ мекунад, Нуриддин Самир, размикор аз Марокашро чанд бор бо зарбаҳояш ба пушт хобонд, аммо ӯ таслим нашуд. Дар пайи анҷоми се даври сабқат доварон бо як овоз пирӯзиро ба Сиёвуш Гулмамадов доданд.

Дар пайи пирӯзӣ ва гирифтани ҷоизаи K-1 COMBAT, Гулмамадов аз ин созмон тавсиф намуд, ки хеле зуд пеш рафта истодааст. Ӯ дар ҷамъбасти ҳунарнамоӣ ба тими мураббиён ва мухлисонаш миннатдорӣ карда, бо забони тоҷикӣ илова намуд, “саломат бошед бародарҳо, касе маро дастгирӣ кард”.

Дар мавриди оянда Гулмамадов изҳор дошт, ки тасмимро ҳайати мураббиён мегиранд, аммо худи ӯ омода аст, ки як ҳафта пас боз вориди майдон шаваду бо ҳарифи навбатӣ қувваозмоӣ намояд.

867
Встреча Махмадтуара Зокирзода с Улугбеком Иноятовым

Зокирзода: миёни Душанбеву Тошанканд барои ҳамкорӣ тамоми шароит фароҳам аст

0
Нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имрӯз дар Душанбе доир гашт

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

 “Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягии мо ба вуҷуд омад. Сафари Шумо ба Тоҷикистон таҷассумгари равобити барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мекунем” -афзуд дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намудаст, ки мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.

Боиси хушнудист, ки дар муддати кӯтоҳ мо метавонем муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав барорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои баӣналмилалии парлумонӣ рушд меёбанд.

Барои мо имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии кишварҳоямон ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз, аллакай, ба мушоҳида мерасад, ки созишномаҳои бадастомада кор мекунанд. Ҳарду кишвар раводидҳоро то 30 рӯз бекор карданд ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро амиқтар карданд.

Дар фарҷоми суханҳо мехоҳам таъкид намоям: мо итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Узбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи баӣнипарлумониро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

0
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Тошканд, Душанбе, Парлумон, Маҳмадтоир Зокирзода