Тренер Рашид Рахимов

Рашид Раҳимов имкон дорад сармураббии дастаи "Химки" шавад

204
(Таҷдидшуда 09:55 02.08.2020)
Рашид Раҳимов, аз футболбозони шинохтаи вақт ва мураббии машҳури тоҷик, пас аз танаффуси тӯлонӣ ба футбол бармегардад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ин нобиғаи футболи тоҷик имкон дорад рӯзҳои наздик сармураббии тими “Химки”шавад, хабар медиҳад сомонаи “Чемпионат”.

Ин сомона бо такя ба манобеяш навиштааст, Рашид Раҳимов яке аз номзадҳо бар курсии сармураббигии “Химки” мебошад.

Ба иттилои расонаҳои варзишӣ снаи 30 июл Раҳимовро дар дафтари “Спартак”дидаанд.

Қаблан Сергей Юран, собиқ сармураббии “Химки”пас аз тарки вазифаи сармураббигӣ, изҳор дошт, ки чунин қарорро роҳбарияти “Спартак” қабул кардааст.

Тими “Химки” дар мавсими ҷорӣ дар Лигаи якуми Россия зинаи дуюмро соҳиб шуда, роҳхати Премйер-лигаи Россияро соҳиб гардидааст.

Рашид Раҳимов муттахасиси 55 солаи тоҷик қаблан дар дастаҳои “Адмира“-и Австрия, “Локомотив”, “Амкар” ва “Аҳмат” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кардааст.

Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст.   

204
Президент Международной федерации футбола (ФИФА) Джанни Инфантино

Номаи Инфантино ба Рустами Эмомалӣ: пирӯзӣ муборак

221
(Таҷдидшуда 20:15 24.09.2020)
Роҳбари ФИФА ба унвони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон нома ирсол намуда, тими "Истиқлол"-ро ба муносибати қаҳрамон шуданаш шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Президенти Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳои Футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино дар робита ба пеш аз муҳлат қаҳрамон шудани дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон-2020 ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон номаи табрикотӣ ирсол намудааст.

Дар ин бора сомонаи бошгоҳи "Истиқлол" гузориш медиҳад.

Номаро Инфантино ба унвони роҳбари ФФТ Рустами Эмомалӣ ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки табрикоташ ба ҳайъати даста расонида шавад.

Ҳамчунин, роҳбари ФИФА аз Рустами Эмомалӣ барои рушди футбол дар минтақа изҳори сипос кардааст.

"Бесаброна мунтазири мулоқот бо шумо дар ояндаи наздик ҳастам", - навиштааст вай дар анҷом.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе пеш аз муҳлат, се давр қабл аз анҷоми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мавсими 2020 чемпиони Тоҷикистон гардид.

"Истиқлол" аллакай 12 имтиёз аз дастаи "Хуҷанд", ки дар ҷадвали мусобиқа бо 29 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад, пеш аст.

Дастаи "Хатлон"-и Бохтар бо 24 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Футболбозони тоҷик тими Ӯзбекистонро шикаст доданд

"Истиқлол"» аз соли 2010 инҷониб бори нуҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол гардид.

221
Кубок Таджикистана - 2020

Иштирокчии дуюми финали Ҷоми Тоҷикистон маълум шуд

63
(Таҷдидшуда 14:40 24.09.2020)
Дастаи "Хатлон", ки дар бозӣ бо тими "Истаравшан" ғолиб омад, акнун дуюмин иштирокчии финали Ҷоми Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар иштирокчии дигари финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 шуд, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии даври нимфинал "Хатлон" дар майдони худ бар тими "Истаравшан" бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Кароматулло Саидов ва Худойдод Узоқов ба самар расонданд.

Игор Черевченко мутахассиси тоҷик эҳтимол сармураббии тими футболи "Химки" шавад

Манбаъ меафзояд, ҳамакнун дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ду дастаи вилояти Хатлон "Равшан"- и Кӯлоб ва "Хатлон" - и Бохтар вомехӯранд.

Дидори ин ду даста, рӯзи 8 - уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

63
Барчаспҳо:
футбол, Ҷоми Тоҷикистон

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия