Бокс. Бой А. Поветкина и А. Руденко

"Майк Тайсони ҷавон": Поветкин қаҳрамони муваққатии WBC гардид - видеои нокаути бераҳм

650
(Таҷдидшуда 18:36 23.08.2020)
Рақобати варзишкори русиягӣ Александр Поветкин бо рақиби бритониаш Диллиан Уайт, шаби шанбе ба якшанбе дар Бритониё баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Муштзани рус Александр Поветкин Диллиан Уайтро бо усули нокаут мағлуб карда соҳиби унвони қаҳрамони муваққатии WBC гардид.

Рақобат шаби шанбе ба якшанбе дар Брентвуди Бритониё баргузор шуд.

Собиқ дорандаи миёнбанди қаҳрамонии WBA ва IBF Денис Лебедев изҳор дошт, ки  Поветкин мисли "Майк Тайсони ҷавон" буд.

"Чунон зарбаи зӯр буд, ҳамааш аз рӯи китоб: баромади зебо, зарбаи дақиқ ба манаҳ. Ин мактаби ИҶШС аст", - гуфт Лебедев.

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

Моҳи сентябр Александр Поветкин 41 сола шуд.

Дар рақобати касбӣ ӯ 36 маротиба дар октагон (24 нокаут) ғолиб омадааст. Ду бор мағлуб шуда ва як маротиба сабқатро мусовӣ анҷом додааст.

Диллиан Уайти 32-сола бошад, 27 маротиба (18 нокаут) пирӯз шуда ва ду маротиба мағлуб гардидааст.

650
Барчаспҳо:
рақобат, Бритониё, Бритониё, нокаут
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

174
(Таҷдидшуда 01:39 27.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расид. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

174
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон
Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор

Конор Макгрегор мехоҳад бо Мэнни Пакяо ба ринг барояд

153
(Таҷдидшуда 21:06 26.09.2020)
Мэнни Пакяои 41-сола 62 бор дар рақобати касбӣ пирӯз шуда ва ҳафт маротиба мағлуб гардидааст. Дар муҳорибаҳои омехта ӯ 26 маротиба вориди "октагон" шуда ва 22 бор пирӯзу чаҳор маротиба мағлуб шудааст

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Собиқ қаҳрамони UFC Конор Макгрегор изҳор дошт, ки бо қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи WBA Мэнни Пакяо ба майдон мебарояд.

Варзишкори ирландӣ рӯзи рақобатро дақиқ нагуфт.

"Ман бо Мэнни Пакяо дар Ховари Миёна муштзанӣ мекунам. Барои ман вохӯрӣ бо беҳтарин муштзанҳои замони муосир шарафи бузург аст", - навиштааст Макгрегор.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Соли 2017 Макгрегор бар зидди собиқ қаҳрамони ҷаҳонӣ оид ба бокс Флойд Мейвезер ба ринг баромада буд. Он замон варзишкори ирландӣ дар бахши 10-ум бо усули нокаути техникӣ мағлуб шуда буд. Баъдтар Майвезер ва Конор пешниҳоди реванш карда буд.

"Ин бозӣ бароям камаҳамият шуд": Макгрегор сабаби қатъи фаъолияти варзишияшро шарҳ дод

Мэнни Пакяои 41-сола 62 бор дар муштзании касбӣ пирӯз шуда ва ҳафт маротиба мағлуб гардидааст. Дар муҳорибаҳои омехта ӯ 26 маротиба вориди октагон шуда ва 22 бор пирӯзу чаҳор маротиба мағлуб шудааст.

153
Барчаспҳо:
Макгрегор, ринг, муштзанӣ, Ховари Миёна

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

0
(Таҷдидшуда 09:57 27.09.2020)
Чаро миёни издивоҷҳо дар Русия аксари домодҳо хориҷиён ҳастанд, шарҳ дод хостгор ва ровӣ Роза Сябитова

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бино ба маълумоти идораҳои сабти асноди минтақавии Русия аксари домодҳо шаҳрвандони хориҷа, аз қабили зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Арманистон мебошанд.

Ровии барномаи "Давай поженимся" хостгор Роза Сябитова ин тамоюлро дар сӯҳбат бо радиои "Давай поженимся" шарҳ дод.

Ровӣ як намоиши телевизиониро мисол овард ва гуфт, ки хориҷиён бештар ба наздашон меоянд.

Ҳамзамон, меҳмонони барнома саъй намекунанд, ки ба ватани худ баргарданд, балки мехоҳанд дар Русия бимонанд.

Сябитова шарҳ дод, ки барои муҳоҷирон издивоҷ яке аз роҳҳои осонтарини қонунигардонӣ дар Русия ба ҳисоб меравад.

Номбурда омилҳои иҷтимоӣ ва биологиро низ сабаби дигари издивоҷи занони рус бо хориҷиён номид.

Вай қайд кард, ки мардон аксар вақт духтарони хурдсоли синни таваллудро ҳамчун ҷуфт интихоб мекунанд ва заноне, ки мехоҳанд барои рушди хеш талош кунанд, бо гузашти солҳо таваҷҷӯҳ мемонанд.

“Бинобар шароит, заноне тасмим гирифтанд, ки барои худ карера созанд  ва барои рушди фардиву баробарии гендерӣ талош кунанд,  дар канор монданд. Аммо онҳо низ бояд издивоҷ кунанд ва бинобар ин хушбахтии занонаро аз домодҳои хориҷӣ меҷӯянд", гуфт Сябитова.

Ҳамзамон, ровии телевизион қайд кард, ки ин тамоюл комилан муқаррарист ва занон набояд аз интихоби худ шарм доранд.

0
Барчаспҳо:
издивоҷ, муҳоҷирон, Русия