Месси "Барселона"-ро тарк мекунад

© Sputnik / Григорий Соколов / Гузариш ба медиабонкНападающий "Барселоны" Лионель Месси
Нападающий Барселоны Лионель Месси  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамлавари тими “Барселона”  ва мунтахаби Аргентина Лионет Месси тасмим гирифтааст бошгоҳи Каталониро тарк кунад

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik.  Бозигари шикнохтаи ҷаҳон Лионел Месси ба бошгоҳи "Барселона" хабар додааст, ки ният дорад дар наздиктарин замон дастаро тарк кунад, хабар медиҳад РИА Новости ба нақл аз esporteinterativo.com.br.

Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди шикасти ҳангомавӣ: "Барселона" сармураббияшро барканор кард

Тавре рӯзнома қайд мекунад, як манбаъ дар "Барселона", ки аргентинаро хуб медонад, гуфтааст, ки тасмими Мессӣ барои тарки даста ҷиддӣ ва то ҳол чунин набуд.

Тибқи иттилои “Marca” “Барселона” низ тасдиқ кардааст, ки ҳамлагари аргентинӣ тасмим гирифтааст, ки дастаро тарк кунад.

Ба иттилои манбаъ, Месси тариқи факс хабари аз тим рафтанашро додааст ва ҷавоб ҳам гирифтааст.

Ёдовар мешавем қарордоди Месси бо тими каталонӣ то соли 2021 эътибор дорад.

Дар ҳайати "Барселона" Месси 731 бозӣ анҷом дода, 285 партофти головар ва 634 гол задааст.

Дар умум Лионел Месси 33-сола дар ҳайати "Барселона" даҳ чемпионати Испания, чаҳор Лигаи чемпионҳо, шаш Кубокҳои Испания ва се Суперҷоми Аврупоро бурд кардааст.

Сабти рекорди нави Лионел Месси

Вай рекорди мутлақро дар задани голҳо (зиёда аз 500) дар ҳайати клуби Каталонӣ гузоштааст.

Ӯ ғолиби шаш каратаи Тӯби тиллоӣ мебошад.

 

Лентаи хабарҳо
0