Известный таджикский боец Мухаммад Наимов, архивное фото

Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов бо UFC шартнома бастанист

254
(Таҷдидшуда 14:23 31.08.2020)
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов маълум гардид. Пас аз пирӯзӣ дар сабқат ӯ метавнад ба  UFC роҳ ёбад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Варзишкори тоҷик Муҳаммад Наимов дар сабқати Dana White's Contender Series иштирок мекунад.

Ҳарифи Наимов дар ин мусобиқа варзишкори амрикоӣ Коллин Энглин мебошад. Муҳориба 15 сентябр дар Лас-Вегаси иёлати Невада баргузор мешавад.

 

Бояд қайд кард, ки ғолибони ин сабқат имконияти имзои шартнома ба UFC-ро пайдо мекунанд.

Ёдовар мешавам, Муҳаммад Наимов ба наздикӣ ба муҳорибаҳои омехта шурӯъ кард. Пештар вай бомуваффақият дар тхэквондо ва кикбоксинг тамрин мекард. Қаҳрамони Осиё дар вазнҳои гуногун гашта буд.

"Ман аз 9-солагӣ ба тхэвандо меравам, ба ин намуда варзиш маро бобоям дода буд. Аввал тамрин дар ин риштаи варзиш бароям шавқовар набуд, аммо баъд одат кардам. Зери роҳбарии мураббиям Далер Тӯраев дар ман завқи пирӯзӣ дар сабқатҳо пайдо шуд, мехостам каме бошад ҳам ба мураббиям монанд шавам. Ман бо ҷидду ҷаҳд тамрин мекардам, дар ҳар як тамринам кӯшиши зиёде мекардам ва дар сабқатҳо ба дастовардҳо ноил мегардидам. Ҳамин тавр, ман дар ҳар як мусбиқа танҳо ба пирӯзӣ кӯшиш мекунам", - нақл карда буд  ештар варзишгар.

Рамзикор таъкид мекунад, ки боварӣ ба қувваи худ ва боварӣ ба он, ки ҳарифи мағлубнашаванда нест, ба вай дар пирӯзӣ кӯмак мекунад.

"Бо ҳар як варзишкор метавон ва бояд бо умеди дастболоӣ муҳориба кард. Албатта пеш аз ҳар як мусобиқа ҳаяҷон ҳаст, аммо он мегузарад. Муҳим, дар ин бора бояд фикр накард, тактикаи худро истифода бурд ва кӯшиш кард, ки хунсард бошӣ", - таъкид кард вай.

Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ

Наимов баъдӣ пирӯзӣ бар ҳама дар тхэквандо ва кикибоксинг, ба муҳорибаҳои омехта гузашт. Ӯ дар ин риштаи варзиш низ аз он қоидаҳое истифода мебарад, ки дар тхэвандо ва кикбоксинг истифода мебурд. 

То имрӯз Наимов ягон бохт надорад. Бархе коршиносон мегӯянд, ки Муҳаммад Наимов ягона добталаб ба "рӯйдоди торихӣ" - нахустин тоҷик дар UFC аст.

254
Борьба гуштингири, архивное фото

Тасдиқи ҷадвали нави мусобиқоти куштӣ дар соли 2021

66
(Таҷдидшуда 14:10 28.09.2020)
Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ – “UWW” тақвими чорабиниҳояшро барои соли 2021 бо сабаби пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои он бозбинӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чемпионатҳои қоравӣ аввали сол, қабл аз мусобиқаҳои интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба нақша гирифта шуданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла, Чемпионати Осиё миёни калонсолон 16-21 феврали соли 2021 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад.

“Рӯзи 26-28 марти 2021 бошад, дар шаҳри Сияни Чин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии Токио дар қораи Осиё ба нақша гирифта шудааст. Сипас, аз 29 апрел то 2 май шаҳри Софияи Булғористон мизбони мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ хоҳад буд”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ба охири моҳи июл гузаронида шуд, то ба Бозиҳои олимпӣ халал нарасонад. Зикр гардид, ки фарқ миёни чемпионати ҷаҳон ва чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон набояд камтар аз як моҳ бошад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба далели ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпии наврасон-2022 чемпионатҳои қоравӣ миёни наврасон дар соли 2022 аз нав охири моҳи июн баргузор хоҳанд шуд.

66
Барчаспҳо:
мусобиқа, сабқати кушоди куштӣ, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Чемпионат Таджикистана между командами Истиклол и Худжанд

Медалҳои нуқраи "Хуҷанд" ва нахустин шикасти чемпион - "Истиқлол"

140
(Таҷдидшуда 13:11 28.09.2020)
Рӯзҳои 26-27 сентябр бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, ду давр пеш аз анҷоми чемпионат сазовори медалҳои нуқра гардида, ҷояшро дар Ҷоми КФО-2021 таъмин кард.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳисоби бозиро дар дақиқаи сеюм Дилшод Бозоров кушод. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 12, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 32-юм ду тӯби дигар ба дарвозаи ҳариф ворид карданд. Дар нимаи дуюм бохтариҳо ташаббус ба даст гирифтанд, вале ба задани ду гол даст ёфтанд - Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 64, Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+2.

Кумитаи миллӣ афзуд, ки бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” – “Истаравшан” мусовӣ – 2:2 хотима ёфт. Голҳои дастаи ноҳияи Рӯдакиро Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Мбаке Диеудонӣ, голҳои “Истаравшан”-ро Отабек Каримов ва Азизҷон Шамсиев ба ҳадаф расониданд.

"Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бар тими “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Се холро ба дасти шаҳри Турсунзода ҳимоятгар Доробҷон Эргашев овард. “Душанбе-83” бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷояшро дар лигаи олӣ ҳифз намуд. Голи ягонаро бозингари “Локомотив-Помир” Исроил Холов ба дарвозаи дастааш зад", - омадааст дар иттилоия.

Нахустин шикасти чемпион

Кумита таъкид кард, ки ниҳоят “Истиқлол”, ки унвони чемпиониро аллакай гирифтааст, аввалин бохтро дар чемпионати мамлакат аз дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 чашид. Ягона голро Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 40-ум ба номаш сабт кардааст.

Ҳамин тариқ, то анҷоми 29-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар боқӣ монд.

Дар даври 15-ум, ки 29-30 сентябр баргузор мешавад, "Истаравшан" бо "Файзканд", "Регар-ТадАЗ" бо "Хуҷанд", "Куктош" бо "Истиқлол", "Хатлон" бо "Локомотив-Помир" ва КМВА бо "Душанбе-83" вомехӯранд.

Бозиҳои даври ҷамъбастӣ – 18-ум рӯзи 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давр "Файзканд" бо "Локомотив-Помир", "Душанбе-83" бо "Истиқлол", "Хуҷанд" бо КМВА, "Истаравшан" бо "Хатлон", "Регар-ТадАЗ" бо "Куктош" бозӣ хоҳанд кард

140
Барчаспҳо:
нуқра, чемпионат, Тоҷикистон
Панорама города Худжанд, архивное фото

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

0
(Таҷдидшуда 00:08 29.09.2020)
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Суғд шоми гузашта бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишдухтари тақрибан 18 сола ба қасди худкушӣ худро аз болои купрук (мост) ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қойиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурурафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

“Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаъри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз худғарқкунӣ наҷот дода шуд”, иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилоъи манбаъ, зимнан донишҷудухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд.

Хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо вақтҳои ахир зиёд ба нашр мерасад.

Фоҷиа дар Ғарм: модари ҷавон бо се фарзандаш худро ба дарё андохт

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон низ аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод.

Бар пояи эълони КҲФ зани 31 солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 солааш ба коми дарёи Вахш задааст.

0
Барчаспҳо:
худкушӣ, наҷот, БДА, Суғд, Тоҷикистон