"Мессии тоҷик" бо тимаш зидди “Тоттенхэм”-и Англия, шогирдони Моурино рақобат мекунад

© сомонаи ФФТПарвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи “Локомотив-Пловдив”-и Булғористон, ки дар он бозигари тоҷик Парвизҷон Умарбоев бозӣ мекунад ба даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Лигаи Аврупо роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои варзишӣ дар пайи қуръакашӣ  рақиби ояндаи “Локомотив-Пловдив” дар марҳилаи муқаддамотии Лигаи Аврупо тими “Тоттенҳэм”-и англисӣ гардидааст.

Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои рақобат бо Ӯзбекистон озими Тошканд шуд
Бозии дастаҳо ҳамакнун дар назар аст рӯзи 17 сентябр дар Булғористон сурат мегирад.

Тими “Тоттенҳэм” аз дастаҳои шинохта дар ҷаҳон аст, ки ҳоло онро яке аз сармураббиҳои шинохтаи ҷаҳон, мутахассиси португалӣ Жозе Моурино тамрин медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар Лигаи Аврупо ғолиб дар як бозӣ аниқ мешвад ва ва рақобатҳо бидуни тамошобинон мегузарад.

Дар даври дуввуми рақобатҳои Лигаи Аврупо 92 даста ширкат мекунад.

Бозигари шинохтаи тоҷик дар ҳайати тими булғорӣ бомаҳорат бозиҳояшро идома дода, бо тимаш дастовардҳои зиёдро соҳиб шудааст.

Ӯ аввали моҳи август ҳамроҳ бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард, ки ин сеюмин дастоварди ӯ дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив мебошад.Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Тибқи иттилои пойгоҳи Transfermarkt маблағи гузариши Умарбоев он замон 100 ҳазор евро буд ва ҳоло тибқи додаҳои ин бойгоҳ бозигар 600 ҳазор евро арзиш дорад.

Эълони ном ва нархи футболбозони Тоҷикистон: Умарбоев - қиматтарин

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0