Неймар после окончания матча группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Сербии и Бразилии

Неймар - ситораи футболи Бразилия гирифтори вируси корона шуд

243
(Таҷдидшуда 17:27 06.09.2020)
Дастаи Пари Сан Жермани Фаронса аз мубтало шудани чанд бозикуни ин тим ба вируси корона хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik.Расонаҳои фаронсави хабар доданд, ки Неймар, ситораи бразилияии футболи ҷаҳон ва ҳамлакунандаи дастаи футболи Пари Сан Жермани Фаронса ба вируси корона гирифтор шудааст.

Ҳамчунин дастаи Пари Сан Жерман аз мубтало шудани ду бозикуни дигари ин тим, яъне Анхел ди Мариа ва Леонардо Парадес ба корона пас аз сипарӣ кардани таътилот дар Испания хабар дод.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳо хабар доданд Юсин Болт, давандаи машҳуртарини ҷаҳон ба КОВИД-19 мубтало шудааст.

Юсин Болт давандаи бознишастаи  ҷамайкаӣ ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба муносибати 34 солагиаш ҷашни таваллуди муфассале гирифт, ки тақрибан ҳеҷ кас дар он аз ниқоби тиббӣ истифода намекард.

Бино бар иттилои расонаҳо, Юсин Болт ба далели сафар тести КОВИД-19 дод, ки натиҷаи он мусбат эълом шуд.

Ӯ акнун дар хонааш ба сар мебарад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кардааст, ки ба рағми надоштани ҳеҷ як аз нишонаҳои танаффусии КОВИД-19 худро карантин кардааст.

Болт рекорддори давҳои 100 метр ва 200 метр дар ҷаҳон аст.

Вай дар 3 олемпики пайёпайи 2008, 2012 ва 2018 дар ҳар ду моддаи 10 метр ва 200 метр ба медали тилло даст ёфт.

243
Команда кулябский «Равшан»

Баъди 26 соли интизорӣ: "Равшан" ба давраи ниҳоӣ баромад

151
(Таҷдидшуда 18:27 22.09.2020)
Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ, 23 сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Дастаи мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Баъди 26 соли интизорӣ дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, чанд лаҳза пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020  байни  дастаҳои  футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  доир гашт.

"Дар сабқат "Равшан" дастаи  футболи "Регар-ТадАЗ"-и  шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб  намуда, баъди  26 соли интизорӣ   ба финали  Ҷоми Тоҷикистон-2020  роҳ  ёфт", - менависад манбаъ.

Голи ягонаро аз ҳайати дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонид. 

Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  пагоҳ,  23  сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Дастаи  мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо  дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки  бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10  октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе  баргузор  мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.

151
Матч молодежки Таджикистана против Узбекистана

Футболбозони тоҷик тими Ӯзбекистонро шикаст доданд

187
24 сентябр дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд бозии дуюми ин дастаҳо баргузор мешавад

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Футболбозони тоҷик тими Ӯзбекистонро шикаст доданд, гузориш медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шШоми дирӯз  дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и   шаҳри Хуҷанд  бозии аввали дӯстонаи дастаи  мунтахаби наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон бо  дастаи мунтахаби  наврасони то 16-солаи  Ӯзбекистон  баргузор  гардид.

"Дар ин вохӯрии ҷолиб футболбозони навраси  тоҷик   бо  ҳисоби 1:0 дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистонро мағлуб намуд. 24 сентябр дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти   Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд  бозии дуюми ин дастаҳо баргузор мешавад", - афзудааст манбаъ. 

Футболбозони навраси  тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев   бо дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон  ду дидори дӯстона доир менамоянд.

Бозии якуми рафиқона 21 сентябр   бар нафъи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон анҷом ёфт.   Аз ин пеш  дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол   бо дастаи  мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон ду  бозии  рафиқона доир намуда буд. Вохӯрии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби  4:1  бар нафъи дастаи мунтахаби   ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ҷоми футболи Тоҷикистон: "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд

Дар ин бозӣ голҳоро дар ҳайати дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулмуъмин Забиров, Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар аввалин бозии рафиқона, ки 3 сентябр доир гардида буд, дастаи мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон  бо ҳисоби 1:0  бар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯз гардид.

187
Ёкуб Салимов бо фарзандони навзодаш

“Экстремизми иттилоотӣ”: вокуниши ВКД ба хабари ҳамлаи ниқобпӯшон ба хонаи Ёқуб Салимов

303
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи як гуруҳи ниқобпӯш ба манзили Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилиро рад кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ ҳамлае ба хонаи Ёқуб Салимов анҷом нашудааст ва ин хабар аз реша сиҳат надорад.

Вай гуфт, дар ин бора ягон шикоят ё аризае ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид нашудааст.

“Ҳоло ҳеҷ гуруҳе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки суботи ҷомеаро барҳам занад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қудрати кофии ҳимоят аз ҳар шаҳрванд ва моликияти ӯро доранд. Ҳар ҷиноят дар ин замина зуд пайгирӣ ва ошкор мешавад. Онҳое, ки бо пахши чунин ахбор мехоҳанд афкори умумии ҷомеаро безобита кунанд, даст ба экстремизми иттилоотӣ мезананд ва ин ҷиноят аст”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки 18 августи соли равон 12 - 13 нафар ниқобпӯш бо ду микроавтубуси берақам ба хонаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи “Водонасос” – и шаҳри Душанбе ҳамла бурда, бо битаҳо шишаҳои мошини Ренҷ-Роверашро шикаста ва писари ӯ - Абубакр Салимовро шадидан латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа мавсуф ба бемористон интиқол дода шудааст.

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, бо пахши як изҳорот дар сафҳаи фейсбукаш ин хабарро маҳсули хаёлоти муаллиф ва “тӯҳмату гапҳои дурӯғ” нисбати хонаводааашон, бавежа падараш Ёқуб Салимов ва шахси худаш хондааст.

“Ба хонаи мо дар санаи 18 август ягон хел ҳамла нашудааст. Дуруст аст, ки мо дар маҳаллаи Водонасос зиндагӣ мекунем, аммо он рӯз чун рӯзҳои дигар тинҷу ором ва осуда будем”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Мавсуф ҳамлаи ашхоси ниқобпӯш ва ба хонаашон даромада шикастани шишаҳои мошини Ренҷ-Роверро низ рад карда, гуфтааст, ки хонаводаи онҳо чунин тамғаи автомашинаро надорад. Вай гуфтааст, касе ӯро латукӯб накардааст ва ӯ ба беморхона низ наафтодааст.

“Аз номи падар ва тамоми аъзои оилаамон ба кулли хамватанон мерасонам, ки шукри тинҷиву амонии Ватани азизамон мекунем. Чунин ходиса бо оилаи мо рух надодааст ва чизе ки хондаед, бофтаҳои нафарони иғвоангез мебошад”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Ёқуб Салимов, яке аз чеҳраҳои маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки як муддат вазири корҳои дохилӣ (1993-1995) ва сафири ин кишвар дар Туркия (1995-1996) буд. Ӯ соли 1997 бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ таҳти пайгарди қонун қарор гирифт. Соли 2003 дар шаҳри Маскави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Моҳи апрели соли 2005 ӯ барои 15 сол равонаи зиндон гашт ва моҳи июни соли 2016 ба озодӣ баромад. Ҳоло дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

303